Бахши «Захираҳо» дастрасии муназзамро ба маводи асосии марбут ба лоиҳа таъмин менамояд, аз ҷумла таҳқиқотҳои таҳлилӣ, созишномаҳо, арзёбиҳои бехатарӣ, масъалаҳои гендерӣ, таҳлилҳои бехатарии сарбанд ва маводи ба инсон ва ҷомеа нигаронидашуда.
Ин бахш ҳамчун маркази ягонаи маълумот ва иттилоот хизмат намуда, тавассути дастрас намудани маълумоти мураккаб барои ҳам мутахассисон ва ҳам доираи васеи ҷомеа ба таъмини шаффофият, қабули қарорҳои асоснок ва ҷалби ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар арафаи таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид. Дар фазои идона аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешсафони соҳаи энергетика мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода супорида шуданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати бисёрсола ва софдилона, маҳорати баланди касбӣ, садоқат ба вазифаи хизматӣ, саҳми арзанда дар рушди соҳаи энергетика ва таҳкими истиқлоли энергетикии мамлакат як қатор кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Абдуалимова Замира Абдукаримовна, тарҷумони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо, бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид. Ӯ дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ ҳамчун мутахассиси баландихтисос, масъулиятшинос ва принсипнок худро муаррифӣ намудааст. Меҳнати софдилона, иҷрои бенуқсони уҳдадориҳои хизматӣ ва қобилияти баланди ташкилотчигии ӯ дар ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди бомуваффақи лоиҳаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст. Иброҳимов Маҳмадназар Юнусович, мушовири Маркази машваратӣ, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид. Ӯ дар сохтмони иншооти тақдирсози аср – Неругоҳи барқи обии Роғун, инчунин дар ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) саҳми арзанда гузоштааст. Мавсуф назорати мунтазами техникӣ ва ҳамоҳангсозии корҳоро вобаста ба шартномаҳои Лот-1 ва Лот-1А бо ширкати австриягии «Voith Hydro» анҷом медиҳад. Ин фаъолият, аз ҷумла, таъминоти таҷҳизот, иваз намудани чархҳои кории муваққатӣ бо чархҳои доимӣ дар гидроагрегатҳои №5 ва №6, омодагӣ ҷиҳати ба кор даровардани гидроагрегати №4, инчунин омодасозии созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба содирот ва интиқоли неруи барқро дар бар мегирад. Қурбоналиев Хайрулло Азизуллоевич, мудири бахши НБО-и Шуъбаи сохтмон, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид. Ӯ дар самти назорати сохтмонӣ, назорати техникӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои марбут ба яке аз муҳимтарин иншооти маҷмааи НБО-и Роғун – Лоти 4, салоҳияти баланди касбӣ, интизоми устувор ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ нишон додааст. Қурбоналиев Хайрулло дар фаъолияти комиссияҳои байналмилалии тендерӣ, ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва ҳайати коршиносон фаъолона иштирок намуда, дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи пудратӣ саҳми назаррас мегузорад. Абдуманон Акбарзода Саидӣ, мутахассиси пешбари Шуъбаи сохтмон, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. Ӯ роҳи пуршарафи меҳнатиро аз коргари дараҷаи 4-уми нақбкан дар корҳои зеризаминӣ оғоз намуда, то ба вазифаи муҳандиси пешбар ва мутахассиси роҳбарикунанда расидааст. Дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ ӯ дар сохтмони иншооти асосии НБО-и Роғун саҳми арзандаи амалӣ гузоштааст. Бо иштироки бевоситаи ӯ сохтмони нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2, корҳои таърихии бастани маҷрои дарёи Вахш, ба истифода додани гидроагрегатҳои №5 ва №6, инчунин таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ вобаста ба Лотҳои 3 ва 3А мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардидааст. Зимни маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода таъкид намуд, ки чунин қадрдонӣ аз ҷониби роҳбарияти давлат далели ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба кормандони соҳаи энергетика мебошад. Зеро онҳо бо меҳнати фидокорона ва фаъолияти созандаи худ барои таҳкими заминаҳои боэътимоди амнияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. Коллективи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ҳамкорони худро ба муносибати сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, неруи тоза, сулҳу осоиш, рӯзгори обод ва дастовардҳои нави касбӣ дар роҳи хизмат ба Ватан орзу менамояд!
September 8, 2026
37

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи Роғун Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) мунтазам риояи талаботи экологию иҷтимоӣ, инчунин талаботи соҳаи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро (ESHS) дар иншооти сохтмонии Неругоҳи барқи обии Роғун (НБО-и Роғун) назорат менамояд. Мониторингҳо тибқи барномаи тасдиқшуда ва уҳдадориҳои Лоиҳа дар назди ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ анҷом дода мешаванд. Ҳадафи онҳо сари вақт муайян ва баррасӣ намудани хатарҳо ва мушкилоти эҳтимолӣ, назорати риояи талаботи муқарраргардида, инчунин таъмини сатҳи баланди бехатарии экологӣ, иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ мебошад. Мониторинги навбатӣ рӯзҳои 26-27 августи соли 2026 бо иштироки мутахассисони ГТЛ, намояндагони Bureau Veritas, ҶСК «НБО-и Роғун» ва ташкилотҳои пудратӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни боздид вохӯриҳои корӣ бо намояндагони Bureau Veritas, ҶСК «НБО-и Роғун» ва ташкилотҳои пудратӣ баргузор гардида, ҳамзамон дар яке аз қитъаҳои сохтмонии Лоиҳа санҷиши муштараки иншоот анҷом дода шуд. Зимни санҷиш ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, таъмини шароити бехатари меҳнат, истифодаи воситаҳои зарурии ҳифзи инфиродӣ, ҷанбаҳои экологӣ дар раванди корҳои сохтмонӣ, инчунин ҳамоҳангсозии самараноки фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои иштироккунандаи раванди сохтмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Bureau Veritas ҳамчун пудратчии зерини Лоиҳа вазифаи супервайзер оид ба назорати риояи талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар доираи Лоиҳаи НБО-и Роғун иҷро менамояд. Мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, Bureau Veritas риояи талаботи дахлдорро дар иншооти сохтмонии Лоиҳа назорат ва мониторинг намуда, аз ҷумла бо пудратчиёни асосӣ ва пудратчиёни зерини онҳо ҳамкорӣ менамояд. Қисми муҳими боздиди мониторингиро баррасии ҷанбаҳои иҷтимоии татбиқи Лоиҳа ва такмили минбаъдаи Механизми баррасии шикоятҳо (МБШ) ташкил дод. Зимни вохӯриҳо бо намояндагони Bureau Veritas, ҶСК «НБО-и Роғун» ва ташкилотҳои пудратӣ муроҷиатҳо ва шикоятҳои аз ҷониби аҳолӣ воридшуда, инчунин масъалаҳои бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, баррасии саривақтии онҳо ва пешниҳоди посух ба муроҷиаткунандагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. ГТЛ минбаъд низ ба ҷанбаҳои экологию иҷтимоии татбиқи Лоиҳа, масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, инчунин ба ҳамкории самаранок бо ҷомеаҳои аз татбиқи Лоиҳа таъсирпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин самтҳо ҷузъи ҷудонашавандаи рушди масъулиятнок, бехатар ва устувори Лоиҳаи Роғун буда, ба таъмини мутобиқати татбиқи он ба талаботи муқарраргардида ва стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
September 2, 2026
63

Рӯзҳои 2-3 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе омӯзиши дурӯза таҳти унвони «Рушди таҷрибаҳои фарогир ва идоракунии ҳассоси захираҳои инсонӣ ба масъалаҳои гендерӣ дар бахши энергетика» баргузор гардид. Дар чорабинӣ 30 нафар, аз ҷумла мутахассисони соҳаи идоракунии захираҳои инсонӣ, роҳбарони ташкилотҳо, намояндагони гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо, инчунин мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ ва гендерии муассисаҳои асосии бахши энергетика иштирок намуданд. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаҳои энергетикии бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ амалишаванда ташкил гардида, ҳадафи он такмили низоми идоракунии захираҳои инсонӣ ва мусоидат ба ташаккули муҳити кори фарогир, эҳтиромона ва ба масъалаҳои гендерӣ ҳассос буд. Омӯзишро коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои инсонӣ Ксения Ким бо иштироки намояндагони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор намуд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гаэл Рабалланд оғоз гардид. Ӯ дар суханронии худ аҳамияти рушди сармояи инсонӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои фарогири идоракунии захираҳои инсониро дар бахши энергетика таъкид намуда, аз идомаи дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати таҳкими иқтидори институтсионалӣ, пешбурди баробарии гендерӣ ва фароҳам овардани муҳити кори бехатару фарогир изҳори назар кард. Дар анҷоми суханронӣ ӯ ба ҳамаи иштирокчиён омӯзиши пурсамар, мубодилаи судманди таҷриба ва татбиқи муваффақонаи дониш ва малакаҳои бадастомадаро дар фаъолияти касбиашон орзу намуд. Барномаи омӯзиш дар асоси натиҷаҳои арзёбии гендерии сиёсати кадрии муассисаҳои бахши энергетика, ки дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои гендерӣ анҷом дода шуда буд, таҳия гардид. Натиҷаҳои арзёбӣ як қатор мушкилоти умумиро муайян намуданд, аз ҷумла намояндагии нокифояи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва техникӣ, маҳдуд будани имкониятҳо барои ҷалби мутахассисони ҷавони зан, зарурати такмили механизмҳои нигоҳдорӣ ва рушди касбии кормандон, инчунин имкониятҳои беҳтар намудани фарҳанги ташкилотӣ ва сиёсати кадрии ҳассос ба масъалаҳои гендерӣ. Дар ҷараёни омӯзиш тавассути маърӯзаҳои коршиносон, машғулиятҳои амалӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва мубодилаи таҷриба иштирокчиён бо усулҳои муосири ҷалби фарогири кадрҳо, нигоҳдорӣ ва рушди кормандон, ташаккули малакаҳои роҳбарӣ, рушди фарҳанги эҳтиромомези меҳнатӣ ва қабули қарорҳои кадрӣ дар асоси маълумоти таҳлилӣ шинос шуданд. Дар чорабинӣ намояндагони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мудирияти минтақаи зериобшаванда, ҶСК «НБО Роғун», ташкилотҳои пудратӣ, дигар гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузоришаванда (Помир Энерҷи ва ҶСК «Барқи Тоҷик»), ки ҳамзамон аъзоёни шабакаи WeSEE (Тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занон дар соҳаи энергетикаи устувор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ) ва Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ иштирок намуда, таҷрибаи худро мубодила ва роҳҳои амалии мутобиқ ба шароити фаъолияти бахши энергетикаро баррасӣ карданд. Дар доираи омӯзиш аҳамияти таҳкими иқтидори институтсионалӣ барои ҷалб ва нигоҳ доштани мутахассисони баландихтисос, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушди касбӣ ва ташкили муҳити бехатару фарогири меҳнат махсус таъкид гардид. Дар натиҷаи омӯзиш, ташкилотҳои иштирокчӣ самтҳои афзалиятноки амалиро барои такмили минбаъдаи низоми идоракунии захираҳои инсонӣ муайян намуда, омодагии худро барои татбиқи чорабиниҳо ва нишондиҳандаҳои Нақшаи чорабиниҳои гендерӣ бори дигар тасдиқ карданд. Аз ҷумла, такмили тартиби интихоби кадрҳо, рушди иқтидори кормандон, такмили сиёсати дохилии кадрӣ ва истифодаи васеътари маълумоти гендерӣ ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ҳамчун самтҳои асосии фаъолият муайян карда шуданд. Гузаронидани ин омӯзиш инчунин ба таҳкими ҳамкории байни муассисаҳои иштирокчӣ мусоидат намуда, барои мубодилаи минбаъдаи дониш ва таҷриба, инчунин амалисозии ташаббусҳои муштарак дар самти рушди иқтидори кадрии бахши энергетика заминаи мусоид фароҳам овард. Ин иқдом ба ташаккули низоми устувор, фарогир ва рақобатпазири захираҳои инсонӣ дар бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
July 6, 2026
121

Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ гранти 300 миллион доллари ИМА-ро аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) барои дастгирии марҳилаи дуюми Лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон тасдиқ кард. Ин маблағгузории иловагӣ, ки идомаи гранти 350 миллион доллари ИМА, тасдиқшуда дар соли 2024 мебошад, ба пешбурди сохтмони Роғун, инчунин таъмини бехатарии сарбанд, татбиқи тадбирҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, ва такмили идоракунии обанбор мусоидат мекунад. Лоиҳа талошҳои Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими амнияти энергетикӣ дар мамлакат ва густариши дастрасӣ ба неруи барқи боэътимод ва тоза дар Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад. Барои маълумоти бештар матни пурраи пресс-релизро мутолиа намоед: https://thedocs.worldbank.org/.../Press-Release
June 30, 2026
133

Санаи 10 июни соли 2026 Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо (ГТЛ) барои намояндагони ҶСК «НБО Роғун», ташкилотҳои пудратӣ, мутахассисони захираҳои инсонӣ, инчунин шахсони масъули иҷтимоӣ ва гендерӣ омӯзиш баргузор намуд. Мавзӯи омӯзиш масъалаҳои вобаста ба истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифода/озори шаҳвонӣ, Кодекси рафтор, Механизми баррасии шикоятҳо ва роҳҳои ирсоли муроҷиатҳо вобаста ба масъалаҳои гендериро дар бар гирифт. Омӯзиш дар доираи чорабиниҳои мунтазам оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон ва коргарони ҶСК «НБО Роғун» баргузор гардида, ба коҳиш додани хавфҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифода/озори шаҳвонӣ, таъмини бехатарии муҳити корӣ, пешбурди баробарии гендерӣ ва риояи талаботи экологӣ ва иҷтимоии Бонки Умумиҷаҳонӣ равона карда шуд. Дар ҷараёни ҷаласаи интерактивӣ ба иштирокчиён мафҳумҳои асосии марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифода/озори шаҳвонӣ шарҳ дода шуда, тавсияҳои амалӣ оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба чунин ҳолатҳо пешниҳод гардиданд. Ҳамзамон, Кодекси рафтор бо ворид намудани муқаррароти марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифода/озори шаҳвонӣ муаррифӣ шуда, чораҳои интизомӣ барои ҳолатҳои вайрон намудани талаботи он тавзеҳ дода шуданд. Иштирокчиён инчунин бо тартиби баррасии муроҷиатҳои ҳассос тавассути Механизми баррасии шикоятҳо ва хизматрасониҳои дастгирии дастрас барои шахсони зарардида дар доираи роҳҳои ирсоли муроҷиатҳои гендерӣ шинос гардиданд. Дар муҳокимаҳо аҳамияти ташаккули муҳити эҳтиромомез ва бехатари корӣ таъкид гардид, ки дар он ҳамаи кормандон, новобаста аз ҷинс, худро ҳимояшуда эҳсос намуда, имкони озодона баён намудани нигарониҳои худро дошта бошанд. Ба иштирокчиён инчунин нақш ва уҳдадориҳои шахсони масъули иҷтимоӣ ва гендерӣ вобаста ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои гендерии лоиҳа фаҳмонида шуд. Омӯзиш боиси мубоҳисаҳои фаъол ва табодули назар миёни иштирокчиён гардид. Яке аз иштирокчиён чунин қайд намуд, «Ман намедонистам, ки дар Тоҷикистон ин қадар барномаҳо ва механизмҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон амал мекунанд. Ин барои ман воқеан кашфи нав буд». Иштирокчии дигар аҳамияти амалии омӯзишро чунин арзёбӣ намуд: «Ин ташаббуси бисёр муҳим аст. Одамон бояд донанд, ки чунин механизмҳо вуҷуд доранд ва чунин ҳолатҳоро набояд нодида гирифт». Тавассути баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҳуқуқҳои кормандон, механизмҳои пешниҳоди муроҷиатҳо ва чораҳои пешгирии хавфҳои истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифода/озори шаҳвонӣ, омӯзиш ба таҳкими иқтидори институтсионалӣ дар доираи лоиҳаи НБО-и «Роғун» мусоидат менамояд. Ҳамзамон, он ба ҳадафи васеътари лоиҳа оид ба ташаккули муҳити фарогир, бехатар ва фарҳанги эҳтиромомези меҳнат мусоидат намуда, барои иштироки баробар ва фаъоли занону мардон дар татбиқи яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохтории соҳаи энергетикаи Тоҷикистон замина фароҳам меорад.
June 16, 2026
55

May 6, 2026
92

Гуруҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷаласаи шиносоии шариконро баргузор намуд, ки дар доираи он се муассиса, аз ҷумла ГТЛ, ҶСК «Роғун» ва Мудирияти минтақаи зериобшаванда (ММЗ), ба шабакаи WeSEE (Тақвияти имкониятҳои занон дар соҳаи энергетикаи устувор дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ) ҳамроҳ гардиданд. Шабакаи мазкур ташаббуси минтақавӣ буда, ба пешбурди баробарии гендерӣ дар бахши энергетика дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ равона шудааст. Мақсади асосии ҷаласа шинос намудани иштирокчиён бо мафҳум, ҳадафҳо, сохтор ва интизориҳои шабакаи WeSEE, инчунин имкониятҳои ҳамкорӣ ва иштирок дар доираи он буд. Зимни ҷаласа, ба масъалаи фарқиятҳои гендерӣ, ки дар натиҷаи пурсиши кормандон дар ташкилотҳои шарик муайян гардидаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, роҳҳои амалии дастгирии иштироки занон дар вазифаҳои техникӣ ва роҳбарикунанда баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, иштирокчиён бо чор самти стратегии ташаббуси WeSEE шинос шуданд, аз ҷумла: дастгирии гузариш аз таҳсилоти STEM ба бозори меҳнат, мусоидат ба ҷалб ва рушди касбии занон, фароҳам овардани муҳити кории фарогир ва бехатар, инчунин пешбурди тағйироти сиёсӣ ва институтсионалӣ. Инчунин, сохтори ташаббус ва нақши шарикон, аз ҷумла ӯҳдадориҳо оид ба татбиқи чорабиниҳои марбут ба гендер ва пешниҳоди ҳисобот оид ба пешрафт муаррифӣ карда шуданд. Қайд гардид, ки ҳамоҳангсозии ташаббус аз ҷониби барномаи «Энергетика ва гендер дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ» (ECAGE)-и Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардида, он ҳамчун котиботи муваққатӣ хизмат намуда, дастгирии методологӣ ва платформаи минтақавиро барои ҳамкорӣ, мубодилаи дониш ва рушди иқтидор фароҳам меорад. Дар натиҷаи ҷаласа, иштирокчиён фаҳмиши возеҳ оид ба ташаббуси WeSEE ва афзалиятҳои ҳамроҳшавӣ ба шабакаи мазкур ба даст оварданд. Ин ташаббус имконият фароҳам меорад, ки равишҳои гендерӣ ба бахши энергетика ҳамгиро гардида, ба рушди фарогир ва устувор мусоидат намояд.
April 27, 2026
58

19 феврали соли 2026 дар Роғун дар доираи татбиқи Лоиҳаи НБО-и Роғун як қатор вохӯриҳои ҳамоҳангсозӣ ва огоҳӣ бо иштироки намояндагони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа - Намояндаи корфармо, Пудратчӣ, Маъмурияти шаҳри Роғун ва сокинони деҳаи Паси Муҳраҳо баргузор гардид. Ин вохӯриҳо ҳамчун як қисми талошҳои пайвастаи гурӯҳ барои таъмини бехатарӣ дар роҳи деҳа, ки аз ҷониби воситаҳои нақлиёти лоиҳа ва ҷомеаи маҳаллӣ истифода мешаванд, ташкил карда шуданд. Лоиҳа мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи миллии танзимӣ, Нақшаи идоракунии ҳаракати нақлиётро таҳия кардааст, ки он барои баланд бардоштани бехатарӣ, беҳтар кардани ҳаракати нақлиёт ва таъмини ҳамоҳангии бефосила байни Лоиҳа ва ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ равона шудааст. Намояндагони Лоиҳа дар ибтидо бо раиси шаҳраки Роғун Сунатулло Саидзода ва муовини ӯ Сафармамадзода мулоқот карданд, ки дар он Гурӯҳи идоракунии лоиҳа ва Намояндаи корфармо ҷузъҳои асосии Нақшаи идоракунии ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла беҳбудиҳо дар инфрасохтори пиёдагард, аломатҳои роҳ, чораҳои идоракунии суръат ва механизмҳои назоратро муаррифӣ карданд. Раиси шаҳрак ташаббуси мазкурро дастгирӣ намуда, омодагии Маъмурияти шаҳрро барои ҳамкории зич ҳангоми татбиқ тасдиқ кард. Ғайр аз ин, бо сокинони деҳаи Паси Муҳраҳо ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардида, ба онҳо ҳадафҳои Нақшаи идоракунии ҳаракати нақлиёт, чораҳои бехатарии банақшагирифташуда ва вазифаҳои гурӯҳи лоиҳа, пудратчӣ (TGEM) ва ҷомеа фаҳмонида шуданд. Муҳокима хеле созанда гузашта, сокинон пешниҳодҳои худро барои беҳтар кардани ҳаракати нақлиёт ва шароити роҳ фикру пешниҳодоти худро баён намуданд. Аз байни намояндаҳои ҷомеа якчанд нафар ҳамчун вакил барои муоширати мунтазам бо намояндагони лоиҳа ва иштирок дар чорабиниҳои муштараки мониторингӣ, аз ҷумла боздидҳои ҳафтаина бо номи "Роҳпаймоии бехатарӣ" таъин карда шуданд. Илова бар ин, иштирокчиён дар бораи Механизми мавҷудаи баррасии шикоятҳо, ки канали расмӣ барои пешниҳоди саволҳо ё нигарониҳо мебошад, огоҳ шуданд. Ин вохӯриҳо ӯҳдадории Лоиҳаро ба муоширати шаффоф, ҷалби ҷомеа ва такмили доимии стандартҳои бехатарӣ тасдиқ мекунанд. Татбиқи Нақшаи идоракунии ҳаракати нақлиёт ба беҳтар шудани ҳамоҳангсозӣ, шароити бехатарии роҳ ва рушди устувор ва масъулиятноки иҷтимоии Лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун мусоидат хоҳад кард.
March 2, 2026
62

Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо (ГТЛ) бо мақсади муаррифӣ кардани натиҷаҳои арзёбии гендерӣ ва Нақшаи амали гендерӣ (НАГ) рӯзҳои 12 ва 19 феврали соли 2026 ҷаласаҳои шиносоӣ баргузор намуд. Дар ҷамомадҳо 36 корманди калидии лоиҳа (15 зан ва 21 мард) - аз ҷумла намояндагони ҶСК “Роғун”, Мудирияти минтақаи зериобшаванда (ММЗ) ва ГТЛ: роҳбарон, кормандони шуъбаи кадрҳо, мутахассисони иҷтимоӣ ва гендерӣ, инчунин мутахассисон оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣширкат варзиданд. Дар ин вохӯриҳо иштирокчиёнро бо натиҷаҳои асосии арзёбии гендерӣ, хатарҳо ва тавсияҳои муайяншуда, инчунин фаъолиятҳои банақшагирифташуда, нишондиҳандаҳо ва ӯҳдадориҳои ташкилот, ки дар нақшаи амали гендерӣ (НАГ) зикр шудаанд, шинос карданд. Ҷасласаҳои мазкур огоҳии кормандонро дар бораи масъалаҳои баробарии гендерӣ ва тақвияти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоии занон дар доираи лоиҳа баланд бардошданд. Муаррифӣ методологияи арзёбӣ ва натиҷаҳои пурсишҳоро, ки дар 900 хонаводаҳои ноҳияҳои Роғун, Нуробод ва Файзобод баргузор карда шуда буданд, дар бар гирифт. Хамчунин натиҷаҳои муҳокимарониҳо дар гурӯҳҳои мақсаднок, ки бо занон аз ҷамоатҳои кӯчонидашуда гузаронида шуданд, муаррифӣ карда шуданд. Арзёбии гендерӣ ва Нақшаи амал мувофиқи Чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ (2018), ки ҳадафи он кам кардани тафовутҳои гендерӣ, коҳиш додани камбизоатӣ ва дастгирии рушди устувори иқтисодӣ мебошад, таҳия карда шуданд. Иштирокчиён бо истилоҳоти калидӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ, талаботи байналмилалӣ ва қонунгузории ҷории миллӣ шинос карда шуданд. Стратегияҳо ва имкониятҳои шарикии мавҷуда барои пешгирӣ ва ҳалли самараноктари масъалаҳои гендерӣ ҳангоми татбиқи лоиҳа муҳокима карда шуданд. Ҳамчунин иштирокчиён дар бораи чораҳои калидӣ, ки барои пешгирӣ ва сабуктар намудани хатарҳои гендерӣ ва оқибатҳои он пешниҳод шудаанд, инчунин дар бораи хидматҳои мавҷудаи дастгирӣ ва механизми миллӣ барои роҳнамоӣ дар масъалаҳои гендерӣ дар сатҳи маҳаллӣ огоҳ карда шуданд. Амалҳо ва тавсияҳои асосӣ аз унсурҳои зерин иборат мебошанд: таҳияи Кодекси рафтори лоиҳа; татбиқи механизми муассири баррасии шикоятҳо (МБШ); курсҳои омӯзишии ҳатмии ибтидоӣ ва такмилдиҳӣ барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи баробарии гендерӣ ва зуроварии ҷинсӣ/истисмори ҷинсӣ ва сӯиистифода/таъқиби ҷинсӣ, ки ба тақвияти сиёсат ва тартиботи баробарии имкониятҳо, ки баробарии гендериро дар дастрасӣ ба шуғл ва имкониятҳои пешрафти касбии занон мусоидат мекунанд, бо тамаркуз ба афзоиши ҳиссаи занон дар вазифаҳои роҳбарӣ ва техникӣ; имконот барои дастгирии барномаҳои рушди малакаҳо барои занон ҷиҳати ба даст овардани фаъолияти корӣ; таъмини хизматрасониҳои нигоҳубини кӯдакон (масалан, муассисаҳои томактабӣ/боғчаҳо) барои имкон додани занон барои баҳра бурдан аз имкониятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ; равандҳои машваратии баробар ва фарогир дар ҳама сатҳҳои татбиқи лоиҳа барои таъмини дарки нигарониҳо ва ниёзҳои занон ва ҳалли онҳо; инчунин беҳтар кардани шароити санитарӣ ва имкониятҳо барои занон дар лагерҳои корӣ. Иштирокчиён бо нақшаи амали гендерии иборат аз чор самти калидӣ, ки дар асоси натиҷаҳои арзёбии гендерӣ таҳия шудааст, шинос шуданд: (1) таъин кардани шахсони масъул оид ба масъалаҳои гендерӣ аз байни ҷонибҳои манфиатдор; (2) баланд бардоштани иқтидориидоракунии хавфҳои марбут ба ЗГ/ИҶЗ/ТҶ дар майдон ё наздики НБО-и Роғун, дар минтақаҳои кӯчонидан, ҳамчунин дар се ташкилоти амаликунандаи лоиҳаи НБО Роғун ва пудрадчиён; (3) рушди имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои занон ва духтарони зери таъсири лоиҳа қарордошта; ва (4) фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои занон ҳамчун кормандон дар макони нерӯгоҳи Роғун ё наздикии он ва дар се ташкилоти татбиқкунандаи лоиҳа (ҶСК Роғун, МЗС ва ГТЛ). Дар натиҷаи вохӯриҳо, кормандон ҳам мушкилот ва ҳам қадамҳои амалии ҳалли ин мушкилотро ба таври возеҳ дарк карданд. Нақшаи амали гендерӣ харитаи роҳи равшанеро барои ворид кардани равиши гендерӣ ба татбиқи лоиҳа пешниҳод мекунад, ки устувории онро афзоиш медиҳад ва барои занон ва ҷомеаҳо дар маҷмӯъ манфиатҳои назаррас эҷод мекунад.
February 27, 2026
49

Лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба баробарии гендерӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мутобиқи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа диққати махсус медиҳад. Дар баробари сохтмони инфрасохтори энергетикӣ, барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, дастгирии ҷамоатҳои зарардида ва риояи талаботи муосири экологӣ ва иҷтимоӣ мунтазам чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Нақшаи амали гендерӣ (НАГ) дар фаъолиятҳои иҷтимоии лоиҳа нақши муҳим бозида, ҳадафи он ҳифзи ҳуқуқҳо ва тавонмандсозии занон, духтарон ва гурӯҳҳои осебпазир мебошад. Ҳуҷҷати мазкур айни замон амалӣ шуда истода, иштироки фаъоли занонони ҷамоатҳои зарардидаро дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дар таъмини дастрасии баробар ба ҷойҳои кории холӣ, дар гирифтани омӯзиши касбӣ ва рушди малакаҳо пешбинӣ мекунад. Барои фароҳам овардани муҳити кори бехатар ва боэҳтиром дар ҷойҳои сохтмон ва ҷамоатҳои маҳаллӣ, сиёсати таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҳама шакли табъиз, зӯроварӣ ва истисмор амалӣ карда мешавад. Нақшаи идоракунии экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа (ESMP) ҷалби мутахассисони иҷтимоиро пешбинӣ мекунад, ки доираи фаоъолияти онҳо баррасии масъалаҳои гендериро низ дар бар мегирад. Яке аз вазифаҳои асосии ин мутахассисон таъмини механизми шаффофи шикоятҳо, аз ҷумла имконияти пешниҳоди шикоят бе қайди ном ва баррасии шикоятҳои ҳассос мебошад. Ин барои таъмини амнияти гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон махсусан муҳим аст. Ин равиш пурра бо талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи занон, инчунин бо таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ дар соҳаи амнияти гендерӣ ва ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад. Кафолатҳои иҷтимоии лоиҳа нақшаҳои ҳамаҷонибаи кӯчонидан ва барқарорсозии воситаҳои зиндагиро дар бар мегиранд, ки барои таъмини хонаводаҳои зарардида бо ҷуброни одилона, манзили босифат ва шароити устувори зиндагӣ дар макони навашон равона шудаанд. Кӯчонидан на танҳо ҳамчун раванди техникӣ, балки ҳамчун барномаи рушди иҷтимоӣ, ки дастрасӣ ба инфрасохтори муосир, аз қабили мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва системаҳои таъминоти обро таъмин мекунад, баррасӣ мешавад. Ба барқарорсозӣ ва тақвияти даромади оилаҳо диққати махсус дода мешавад: барои таъмини омӯзиши касбӣ, дастгирии шуғл ва рушди тиҷорати хурд чораҳо амалӣ карда мешаванд. Машваратҳои мунтазами ҷонибҳои манфиатдор қисми муҳими лоиҳа буда, кафолат медиҳанд, ки фикру ақидаи сокинон ҳангоми қабули қарорҳо ба назар гирифта шаванд. Ғайр аз ин, Барномаи муштараки манфиатҳо амал мекунад, ки як қисми даромади лоиҳаро ба афзалиятҳои иҷтимоӣ ва давлатӣ, аз ҷумла дастгирии гурӯҳҳои осебпазир, ҷудо мекунад ва бо ин васила рушди дарозмуддати минтақаҳои лоиҳаро пеш мебарад. Лоиҳаи НБО-и Роғун бар асоси принсипҳои муколамаи ошкоро сохта шудааст, ки ҳангоми қабули қарорҳои калидӣ андешаи ҳамаро ба назар мегирад. «Мо на танҳо сарбанд, балки як экосистемаи нави иҷтимоиро эҷод мекунем, ки дар он рушди иқтисодӣ бо некӯаҳволии ҳар як оилаи зарардида, инчунин бо таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи одамоне, ки ҳам мустақиман ва ҳам бавосита аз татбиқи лоиҳа таъсир мебинанд, алоқамандии ногусастанӣ дорад».
February 20, 2026
30