Нишони ГТЛ
Захираҳо

Гурӯҳи татбиқи лоиҳа мониторинги мунтазами ҷанбаҳои экологию иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҳифзи меҳнату техникаи бехатариро дар иншооти НБО-и Роғун анҷом медиҳад

Гурӯҳи татбиқи лоиҳа мониторинги мунтазами ҷанбаҳои экологию иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҳифзи меҳнату техникаи бехатариро дар иншооти НБО-и Роғун анҷом медиҳад

Гурӯҳи татбиқи лоиҳа мониторинги мунтазами ҷанбаҳои экологию иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҳифзи меҳнату техникаи бехатариро дар иншооти НБО-и Роғун анҷом медиҳад

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи Роғун Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) мунтазам риояи талаботи экологию иҷтимоӣ, инчунин талаботи соҳаи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро (ESHS) дар иншооти сохтмонии Неругоҳи барқи обии Роғун (НБО-и Роғун) назорат менамояд.

Мониторингҳо тибқи барномаи тасдиқшуда ва уҳдадориҳои Лоиҳа дар назди ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ анҷом дода мешаванд. Ҳадафи онҳо сари вақт муайян ва баррасӣ намудани хатарҳо ва мушкилоти эҳтимолӣ, назорати риояи талаботи муқарраргардида, инчунин таъмини сатҳи баланди бехатарии экологӣ, иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ мебошад.

Мониторинги навбатӣ рӯзҳои 26-27 августи соли 2026 бо иштироки мутахассисони ГТЛ, намояндагони Bureau Veritas, ҶСК «НБО-и Роғун» ва ташкилотҳои пудратӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни боздид вохӯриҳои корӣ бо намояндагони Bureau Veritas, ҶСК «НБО-и Роғун» ва ташкилотҳои пудратӣ баргузор гардида, ҳамзамон дар яке аз қитъаҳои сохтмонии Лоиҳа санҷиши муштараки иншоот анҷом дода шуд.

Зимни санҷиш ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, таъмини шароити бехатари меҳнат, истифодаи воситаҳои зарурии ҳифзи инфиродӣ, ҷанбаҳои экологӣ дар раванди корҳои сохтмонӣ, инчунин ҳамоҳангсозии самараноки фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои иштироккунандаи раванди сохтмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Bureau Veritas ҳамчун пудратчии зерини Лоиҳа вазифаи супервайзер оид ба назорати риояи талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар доираи Лоиҳаи НБО-и Роғун иҷро менамояд. Мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, Bureau Veritas риояи талаботи дахлдорро дар иншооти сохтмонии Лоиҳа назорат ва мониторинг намуда, аз ҷумла бо пудратчиёни асосӣ ва пудратчиёни зерини онҳо ҳамкорӣ менамояд.

Қисми муҳими боздиди мониторингиро баррасии ҷанбаҳои иҷтимоии татбиқи Лоиҳа ва такмили минбаъдаи Механизми баррасии шикоятҳо (МБШ) ташкил дод. Зимни вохӯриҳо бо намояндагони Bureau Veritas, ҶСК «НБО-и Роғун» ва ташкилотҳои пудратӣ муроҷиатҳо ва шикоятҳои аз ҷониби аҳолӣ воридшуда, инчунин масъалаҳои бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, баррасии саривақтии онҳо ва пешниҳоди посух ба муроҷиаткунандагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ГТЛ минбаъд низ ба ҷанбаҳои экологию иҷтимоии татбиқи Лоиҳа, масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, инчунин ба ҳамкории самаранок бо ҷомеаҳои аз татбиқи Лоиҳа таъсирпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин самтҳо ҷузъи ҷудонашавандаи рушди масъулиятнок, бехатар ва устувори Лоиҳаи Роғун буда, ба таъмини мутобиқати татбиқи он ба талаботи муқарраргардида ва стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Гурӯҳи татбиқи лоиҳа мониторинги мунтазами ҷанбаҳои экологию иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҳифзи меҳнату техникаи бехатариро дар иншооти НБО-и Роғун анҷом медиҳад | НБО Роғун