Нишони ГТЛ

Бо мо дар тамос шавед

Тамос

Факс: (+99237) 2357416

Телефон: (+99237) 235-74-16

Почтаи электронӣ: grpsgs@gmail.com

Суроға

734064, ш. Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, ошёнаи 6

Механизми баррасии шикоятҳо (МБШ)

Тавсифи бахш

Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо (ГТЛ) бо мақсади таъмини раванди шаффоф, одилона ва самараноки қабул, баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳо ва шикоятҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Механизми баррасии шикоятҳоро (МБШ) таъсис додааст.Механизми мазкур қисми ҷудонашавандаи низоми идоракунии лоиҳа буда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва ҷонибҳои манфиатдор, таҳкими ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии вобаста ба татбиқи лоиҳа равона гардидааст.

1. Механизми баррасии шикоятҳо

2. Ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии Механизми баррасии шикоятҳо (МБШ)

3. Тартиби баррасӣ ва ҳалли шикоятҳо

4. Каналҳои иртиботӣ барои пешниҳоди муроҷиатҳо ва шикоятҳо

5. Муроҷиатҳои ҳассос

6. Мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ

Механизми пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо

Механизми баррасии шикоятҳо ба ҳамаи кормандони лоиҳа, шахсони зери таъсири лоиҳа, аз ҷумла хонаводаҳои кӯчонидашуда ва дигар ҷонибҳои манфиатдор имконият фароҳам меорад, ки вобаста ба фаъолияти лоиҳа муроҷиатҳо, пешниҳодҳо ва фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намоянд.

Мавзӯи муроҷиатҳо метавонад масъалаҳои вобаста ба меҳнат ва шароити кор, инчунин масъалаҳои кӯчонидан, аз ҷумла гирифтани замин, ҷубронпулӣ ва барқарорсозии воситаҳои зиндагиро дар бар гирад.

Ҳамаи муроҷиатҳо бояд моҳияти масъалаи пешниҳодшавандаро ба таври возеҳ инъикос намоянд ва дар ҳолати имкон бо маълумоти тасдиқкунанда ё ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод карда шаванд.

Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо дар ҳамоҳангӣ бо пудратчиён ва сохторҳои дахлдори маҳаллӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Дирексияи минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун» ва кормандони ноҳиявии ҳамкорӣ бо аҳолӣ оид ба масъалаҳои кӯчонидан, таъмин менамояд, ки ҳамаи муроҷиатҳо ва шикоятҳо саривақт, шаффоф ва тибқи тартиби муқарраршуда баррасӣ гардида, нисбат ба онҳо ҷавобҳои дахлдор пешниҳод карда шаванд.

Ба мо нависед

0/2800