PMG logo
Resources

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои анҷоми НБО «Роғун»

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои анҷоми НБО «Роғун»

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои анҷоми НБО «Роғун»

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA), ки яке аз аъзои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, Созишномаи маблағгузориро ба имзо расониданд, ки ба таъмини анҷоми устувори Неругоҳи барқи обии «Роғун» - яке аз лоиҳаҳои калидии инфрасохторӣ ва энергетикии кишвар - равона гардидааст.

Созишномаи мазкур 18 декабри соли 2024 ба имзо расида, маблағгузории грантиро дар ҳаҷми умумии 650 миллион доллари ИМА пешбинӣ менамояд. Маблағгузорӣ дар ду марҳила сурат мегирад: марҳилаи аввал ба маблағи 350 миллион доллари ИМА ва марҳилаи дуюм ба маблағи 300 миллион доллари ИМА.

Мутобиқи шартҳои созишномаи баимзорасида, барои эътибор пайдо кардани он як қатор шартҳои пешакӣ муқаррар гардида буданд. Бо талошҳои ҳамоҳангшудаи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ГТЛ), ҶСК «НБО Роғун», вазорату идораҳои дахлдор, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ, ҳамаи шартҳои зарурӣ пурра иҷро гардида, бо Бонк мувофиқа шуданд. 22 декабри соли 2025 Бонки ҷаҳонӣ расман тасдиқ намуд, ки шартҳои эътибор пайдо кардани созишнома иҷро гардидаанд.

Арзиши умумии лоиҳа 3,425 миллиард доллари ИМА арзёбӣ гардида, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки осиёии рушд, Бонки осиёии сармоягузорӣ ба инфрасохтор, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки исломии рушд ва Фонди рушди Саудӣ, инчунин дигар шарикони маблағгузор амалӣ мегардад.

Тибқи созишнома, маблағҳои IDA барои маблағгузории хароҷоти қобили қабул дар самтҳои асосии лоиҳа, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ, кӯмаки техникӣ, таҳкими институтсионалӣ ва татбиқи чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ равона мегарданд. Хусусияти грантӣ доштани маблағгузорӣ бори қарзии кишварро ба таври назаррас коҳиш дода, саҳми калони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «НБО Роғун»-ро пурра мекунад.

Татбиқи лоиҳа аз ҷониби сохторҳои махсуси лоиҳавӣ дар ҳамкорӣ бо ҶСК «НБО Роғун» дар мувофиқати пурра бо талаботи Бонки ҷаҳонӣ оид ба стандартҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ, идоракунии хавфҳо, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ амалӣ мегардад. Созишнома инчунин чораҳоро барои таҳкими устувории институтсионалии бахши энергетика, беҳтар намудани идоракунии молиявӣ, ҳифзи манфиатҳои аҳолии осебдида ва таъмини устувории дарозмуддати лоиҳа пешбинӣ мекунад.

НБО «Роғун» ҳамчун дороии стратегии миллӣ барои таъмини таъминоти боэътимод ва устувори неруи барқ, коҳиши камбуди мавсимии барқ ва фароҳам овардани шароит барои рушди содироти минтақавии неруи барқи таҷдидшаванда хизмат менамояд.

Имзо ва эътибор пайдо кардани созишномаи грантӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд бозгӯи эътимоди қавии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба лоиҳаи НБО «Роғун» ва ислоҳоти ҷараёндошта дар бахши энергетикаи Тоҷикистон мебошад. Маблағгузории ҷалбшуда ба суръатбахшии анҷоми неругоҳ мусоидат намуда, устувории иҷтимоӣ ва экологии онро боз ҳам таҳким мебахшад ва нақши муҳими онро дар таъмини амнияти энергетикӣ, рушди иқтисодӣ ва рушди устувори кишвар ва минтақаи васеъ тақвият медиҳад.