PMG logo
Overview

Бонки Ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дастгирии техникӣ мерасонад

Бонки Ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дастгирии техникӣ мерасонад

Бонки Ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дастгирии техникӣ мерасонад

Дар доираи дастгирии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Умумиҷаҳонӣ кумаки техникиро пешниҳод менамояд, ки ба таҳкими механизмҳои молиявӣ, тиҷоратӣ, экологӣ ва иҷтимоии татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона гардидааст.

Шӯрои директорони иҷроияи Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузории грантӣ ба маблағи 15 миллион доллари ИМА-ро барои татбиқи лоиҳаи кумаки техникӣ ҷиҳати ташаккули заминаи молиявии лоиҳаи НБО-и «Роғун» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд.

Ҳадафи ин ташаббус баланд бардоштани сифати омодасозӣ ва татбиқи лоиҳа тавассути такмили механизмҳои молиявӣ ва тиҷоратӣ, таҳкими равишҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини мутобиқат ба талаботи муосири байналмилалӣ дар соҳаи гидроэнергетика мебошад.

Дар доираи кумаки техникӣ ҷалби коршиносони байналмилалии соҳавӣ, дастгирии омодасозии минбаъдаи лоиҳа барои ҷалби маблағгузорӣ, инчунин рушди механизмҳое пешбинӣ гардидааст, ки ба густариши манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Татбиқи чорабиниҳои мазкур имкон фароҳам меорад, ки устувории лоиҳа тақвият ёфта, барои рушди дарозмуддати бахши энергетикаи кишвар шароити иловагӣ муҳайё карда шавад.

Маълумоти бештар дар сомонаи расмии Бонки Умумиҷаҳонӣ:

Нашрия дар сомонаи Бонки Умумиҷаҳонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дастгирии техникӣ мерасонад | Rogun HPP