Нишони ГТЛ
Захираҳо

Ассотсиатсияи байналмилалии рушд марҳилаи дуюми Лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад

Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ гранти 300 миллион доллари ИМА-ро аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) барои дастгирии марҳилаи дуюми Лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон тасдиқ кард.

Ин маблағгузории иловагӣ, ки идомаи гранти 350 миллион доллари ИМА, тасдиқшуда дар соли 2024 мебошад, ба пешбурди сохтмони Роғун, инчунин таъмини бехатарии сарбанд, татбиқи тадбирҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, ва такмили идоракунии обанбор мусоидат мекунад.

Лоиҳа талошҳои Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими амнияти энергетикӣ дар мамлакат ва густариши дастрасӣ ба неруи барқи боэътимод ва тоза дар Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад.

Барои маълумоти бештар матни пурраи пресс-релизро мутолиа намоед: https://thedocs.worldbank.org/.../Press-Release

Ассотсиатсияи байналмилалии рушд марҳилаи дуюми Лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад | НБО Роғун