Нишони ГТЛ
Захираҳо

Сармоягузории сохтмони НБО «Роғун» аз ҷониби Фонди рушди Абу-Даби

Сармоягузории сохтмони НБО «Роғун» аз ҷониби Фонди рушди Абу-Даби

Сармоягузории сохтмони НБО «Роғун» аз ҷониби Фонди рушди Абу-Даби

4 феврали соли 2026 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб байни Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори генералии Фонди рушди Абу-Дабӣ созишномаи маблағгузорӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба имзо расид.

Тибқи созишномаи баимзорасида, Фонди рушди Абу-Дабӣ барои татбиқи лоиҳа маблағи 100 миллион доллари ИМА ҷудо менамояд. Ин маблағ барои пешбурди корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ дар доираи Лоти 2-и лоиҳаи стратегии НБО «Роғун» равона хоҳад шуд.

Лоти 2 корҳои асосии вобаста ба омода ва мавриди истифода додани иқтидорҳои истеҳсолии неругоҳро дар бар гирифта, аз ҷумла самтҳои зеринро фаро мегирад:

• насб ва ба истифода омода намудани таҷҳизоти гидроэнергетикӣ;

• сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии бинои неругоҳ;

• иҷрои корҳои марбут ба инфрасохтори барқӣ;

• татбиқи корҳои инфрасохторӣ ва ёрирасон.

Имзои ин созишнома марҳилаи муҳиме дар роҳи ҷалби маблағгузории устувори хориҷӣ барои татбиқи лоиҳа ба ҳисоб меравад. Пештар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, ки як қатор созишномаҳои маблағгузорӣ, ки бо шарикони байналмилалӣ дар солҳои 2024-2025 ба имзо расида буданд, баъд аз иҷрои шартҳои пешакӣ мавриди амал қарор гирифтаанд.

Ҷалби маблағгузории хориҷӣ имкон медиҳад, ки суръати корҳои сохтмонӣ дар соли 2026 афзоиш ёфта, агрегати сеюми неругоҳ сари вақт ба истифода дода шавад.

Аз соли 2008 то имрӯз барои татбиқи лоиҳаи НБО «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48,1 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст. То охири соли 2025 сатҳи умумии иҷрои корҳои сохтмонӣ ба тақрибан 60 фоиз расидааст. Баландии сарбанд ба 151 метр (нишондоди 1116 метр аз сатҳи баҳр) расидааст.

То имрӯз ду агрегати муваққатии неругоҳ, ки солҳои 2018 ва 2019 ба истифода дода шуданд, дар маҷмӯъ 9,9 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намудаанд.

Баъд аз анҷоми пурраи сохтмон иқтидори муқарраршудаи НБО «Роғун» ба 3780 мегаватт (иборат аз шаш агрегат, ҳар кадом бо иқтидори 630 мегаватт) мерасад, ки онро ба бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.

Ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсоли солонаи неруи барқ беш аз 14,5 миллиард киловатт-соатро ташкил хоҳад дод. Ба истифода додани агрегати охирини неругоҳ барои соли 2029 ба нақша гирифта шудааст.

Татбиқи созишнома бо Фонди рушди Абузабӣ ба таҳкими минбаъдаи амнияти энергетикии кишвар, рушди инфрасохтори миллӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Сармоягузории сохтмони НБО «Роғун» аз ҷониби Фонди рушди Абу-Даби | НБО Роғун