Нақшаи иловагии идоракунии экологӣ ва иҷтимоии хоси майдон барои сохтмони роҳи категорияи V дар соҳили чапи обанбори Роғун
АТЭИ Нақшаи идоракунии экологӣ ва иҷтимоӣ (НИЭИ)-ро дар бар мегирад, ки тадбирҳоеро муайян мекунад, ки бояд барои пешгирӣ ё коҳиш додани таъсирҳои назаррас ба одамон ва муҳити зист андешида шаванд. Дар байни таъсирҳои эҳтимолии марбут ба пуршавии обанбор аз байн рафтани якчанд пул аз болои дарёи Вахш хоҳад буд. Дар айни замон ин пулҳо робитаи байни маҳалҳои аҳолинишин дар соҳили чап, инчунин пайвасти онҳоро бо Роҳи байналмилалӣ, ки дар соҳили рост мегузарад ва дастрасиро ба шаҳри Роғун, Нуробод ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон таъмин мекунад, фароҳам меоранд. Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) сохтмони пули нави болои дарёро тақрибан 50 километр болотар аз сарбанд маблағгузорӣ мекунад.