Созишномаи агентӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои маблағгузории сохтмони НБО «Роғун»
10 июни соли 2024 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (Islamic Development Bank – IsDB) Созишномаи агентиро оид ба маблағгузории марҳилавии Лоти 4 (иншооти соҳили чап)-и лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба имзо расониданд.
Тибқи ин созишнома, Бонки исломии рушд маблағгузориро ба маблағи 150 миллион доллари ИМА барои харидорӣ ва татбиқи ҷузъҳои лоиҳа ҷудо менамояд. Дар доираи сохтори маблағгузории агентӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун агенти Бонк таъин гардида, ваколатдор мешавад, ки хариди молу таҷҳизоти лоиҳавиро анҷом диҳад, бо пудратчиён гуфтушунид намояд, шартномаҳо ба имзо расонад ва иншооти лоиҳаро аз номи Бонки исломии рушд қабул кунад. Маблағгузорӣ тибқи принсипҳои молияи исломӣ ва стандартҳои мутобиқ ба Шариат амалӣ мегардад.
Маблағҳои ҷудошуда барои сохтмони ҷузъҳои асосии Лоти 4, аз ҷумла таҷҳизоти гидромеханикӣ, нақбҳои обрасон ва лӯлаҳои фишордор, системаҳои дарвозаҳо ва дигар иншооти соҳили чап равона карда мешаванд. Лоти 4 қисми ҷудонашавандаи лоиҳаи НБО «Роғун» мебошад, ки яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, иқтидори насбшудаи он 3 780 МВт ва баландии сарбанди он 335 метрро ташкил медиҳад.
Татбиқи созишнома тибқи сиёсати харидории Бонки исломии рушд амалӣ гардида, риояи талаботи экологӣ, иҷтимоӣ ва зиддикоррупсиониро таъмин менамояд. Бо мақсади таъмини шаффофият ва истифодаи самараноки маблағҳо, лоиҳа таҳти аудити мустақили молиявӣ қарор мегирад.
Имзои Созишномаи агентӣ бо Бонки исломии рушд дастрасии Тоҷикистонро ба манбаъҳои устувори маблағгузории байналмилалӣ васеъ намуда, суръати татбиқи яке аз лоиҳаҳои калидии инфрасохтории кишварро афзоиш медиҳад. Иҷрои пурраи НБО «Роғун» ба таҳкими амнияти энергетикии миллӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва густариши мавқеи Тоҷикистон ҳамчун таъминкунандаи минтақавии нерӯи барқи тоза мусоидат хоҳад кард.