Созишнома бо Бонки осиёии сармоягузорӣ ба инфрасохтор барои татбиқи Барномаи рушди НБО «Роғун»
20 декабри соли 2024 дар шаҳри Пекин Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва муовини президенти Бонки осиёии сармоягузорӣ ба инфрасохтор (AIIB) Константин Лимитовский созишномаи маблағгузорӣ ба маблағи 270 миллион доллари ИМА (1,92 миллиард юани чинӣ)-ро барои татбиқи «Барномаи рушди Неругоҳи барқи обии «Роғун» – Марҳилаи 1» ба имзо расониданд.
Созишномаи баимзорасида қисми бастаи умумии маблағгузории Бонки осиёии сармоягузорӣ ба инфрасохторро ташкил медиҳад, ки дар ҳаҷми умумии 500 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардида, дар ду марҳила дар асоси созишномаҳои алоҳида ҷудо карда мешавад.
Дар доираи марҳилаи ҷорӣ маблағҳо барои маблағгузории муштараки Лоти 1 ва Лоти 3А-и лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин барои сохтмон ва барқарорсозии 55 километр роҳ, аз ҷумла иншооти пулӣ, ки ҷамоатҳои маҳаллиро ба ҳам мепайванданд, равона мегарданд.
Ҳадафи Барнома таҳкими истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Татбиқи он ба суръатбахшии корҳои сохтмонӣ, баланд бардоштани эътимоднокии инфрасохтор ва таъмини мутобиқати лоиҳа ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Пештар Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии анҷоми лоиҳа гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA)-ро ба маблағи 350 миллион доллари ИМА тасдиқ намуда буд. Дар маҷмӯъ, барои анҷоми сохтмони НБО «Роғун» 6,29 миллиард доллари ИМА зарур мебошад, ки маблағгузории он аз ҳисоби даромадҳои лоиҳа, захираҳои давлатии дохилӣ ва саҳми шарикони рушд таъмин мегардад.
Пас аз анҷоми пурраи сохтмон иқтидори муқарраршудаи НБО «Роғун» ба 3600 мегаватт (6 агрегат, ҳар кадом бо иқтидори 600 мегаватт) мерасад, ки онро ба бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.
Ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсоли солонаи неруи барқ аз 13 то 17 миллиард киловатт-соатро ташкил дода, ба тақрибан 65-85 фоизи ҳаҷми истеҳсоли солонаи кунунии неруи барқи кишвар баробар хоҳад буд.
Дар айни замон ду агрегати неругоҳ, ки солҳои 2018 ва 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, бо иқтидори маҳдуд фаъолият мекунанд. Ба истифода додани агрегати охирин барои соли 2029 ба нақша гирифта шудааст.
Имзои созишнома бо Бонки осиёии сармоягузорӣ ба инфрасохтор марҳилаи муҳиме дар роҳи таъмини маблағгузории устувори лоиҳа ва татбиқи марҳилавии он мутобиқ ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва талаботи шарикони рушд ба ҳисоб меравад.