Логотип ГРП
Ресурсы

Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардиданд

Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардиданд

Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардиданд

Дар арафаи таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.

Дар фазои идона аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешсафони соҳаи энергетика мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода супорида шуданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати бисёрсола ва софдилона, маҳорати баланди касбӣ, садоқат ба вазифаи хизматӣ, саҳми арзанда дар рушди соҳаи энергетика ва таҳкими истиқлоли энергетикии мамлакат як қатор кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  – медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Абдуалимова Замира Абдукаримовна, тарҷумони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо, бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид. Ӯ дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ ҳамчун мутахассиси баландихтисос, масъулиятшинос ва принсипнок худро муаррифӣ намудааст. Меҳнати софдилона, иҷрои бенуқсони уҳдадориҳои хизматӣ ва қобилияти баланди ташкилотчигии ӯ дар ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди бомуваффақи лоиҳаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Иброҳимов Маҳмадназар Юнусович, мушовири Маркази машваратӣ, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид. Ӯ дар сохтмони иншооти тақдирсози аср – Неругоҳи барқи обии Роғун, инчунин дар ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) саҳми арзанда гузоштааст. Мавсуф назорати мунтазами техникӣ ва ҳамоҳангсозии корҳоро вобаста ба шартномаҳои Лот-1 ва Лот-1А бо ширкати австриягии «Voith Hydro» анҷом медиҳад. Ин фаъолият, аз ҷумла, таъминоти таҷҳизот, иваз намудани чархҳои кории муваққатӣ бо чархҳои доимӣ дар гидроагрегатҳои №5 ва №6, омодагӣ ҷиҳати ба кор даровардани гидроагрегати №4, инчунин омодасозии созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба содирот ва интиқоли неруи барқро дар бар мегирад.

Қурбоналиев Хайрулло Азизуллоевич, мудири бахши НБО-и Шуъбаи сохтмон, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид. Ӯ дар самти назорати сохтмонӣ, назорати техникӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои марбут ба яке аз муҳимтарин иншооти маҷмааи НБО-и Роғун – Лоти 4, салоҳияти баланди касбӣ, интизоми устувор ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ нишон додааст. Қурбоналиев Хайрулло дар фаъолияти комиссияҳои байналмилалии тендерӣ, ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва ҳайати коршиносон фаъолона иштирок намуда, дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи пудратӣ саҳми назаррас мегузорад.

Абдуманон Акбарзода Саидӣ, мутахассиси пешбари Шуъбаи сохтмон, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. Ӯ роҳи пуршарафи меҳнатиро аз коргари дараҷаи 4-уми нақбкан дар корҳои зеризаминӣ оғоз намуда, то ба вазифаи муҳандиси пешбар ва мутахассиси роҳбарикунанда расидааст. Дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ ӯ дар сохтмони иншооти асосии НБО-и Роғун саҳми арзандаи амалӣ гузоштааст. Бо иштироки бевоситаи ӯ сохтмони нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2, корҳои таърихии бастани маҷрои дарёи Вахш, ба истифода додани гидроагрегатҳои №5 ва №6, инчунин таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ вобаста ба Лотҳои 3 ва 3А мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардидааст.

Зимни маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода таъкид намуд, ки чунин қадрдонӣ аз ҷониби роҳбарияти давлат далели ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба кормандони соҳаи энергетика мебошад. Зеро онҳо бо меҳнати фидокорона ва фаъолияти созандаи худ барои таҳкими заминаҳои боэътимоди амнияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Коллективи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ҳамкорони худро ба муносибати сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, неруи тоза, сулҳу осоиш, рӯзгори обод ва дастовардҳои нави касбӣ дар роҳи хизмат ба Ватан орзу менамояд!

IMG_0128.JPGIMG_0140.JPGIMG_0159.JPGIMG_0162.JPGIMG_0165.JPGIMG_0168.JPGIMG_0128.JPGIMG_0140.JPGIMG_0159.JPGIMG_0162.JPGIMG_0165.JPGIMG_0168.JPG