Логотип ГРП
Ресурсы

Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими иқтидори кормандон оид ба масъалаҳои гендерӣ, аз ҷумла Кодекси рафтор ва Механизми баррасии шикоятҳо дар НБО-и «Роғун»

Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими иқтидори кормандон оид ба масъалаҳои гендерӣ, аз ҷумла Кодекси рафтор ва Механизми баррасии шикоятҳо дар НБО-и «Роғун»

Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими иқтидори кормандон оид ба масъалаҳои гендерӣ, аз ҷумла Кодекси рафтор ва Механизми баррасии шикоятҳо дар НБО-и «Роғун»

Санаи 10 июни соли 2026 Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо (ГТЛ) барои намояндагони ҶСК «НБО Роғун», ташкилотҳои пудратӣ, мутахассисони захираҳои инсонӣ, инчунин шахсони масъули иҷтимоӣ ва гендерӣ омӯзиш баргузор намуд. Мавзӯи омӯзиш масъалаҳои вобаста ба истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифода/озори шаҳвонӣ, Кодекси рафтор, Механизми баррасии шикоятҳо ва роҳҳои ирсоли муроҷиатҳо вобаста ба масъалаҳои гендериро дар бар гирифт.

Омӯзиш дар доираи чорабиниҳои мунтазам оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон ва коргарони ҶСК «НБО Роғун» баргузор гардида, ба коҳиш додани хавфҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифода/озори шаҳвонӣ, таъмини бехатарии муҳити корӣ, пешбурди баробарии гендерӣ ва риояи талаботи экологӣ ва иҷтимоии Бонки Умумиҷаҳонӣ равона карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи интерактивӣ ба иштирокчиён мафҳумҳои асосии марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифода/озори шаҳвонӣ шарҳ дода шуда, тавсияҳои амалӣ оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба чунин ҳолатҳо пешниҳод гардиданд. Ҳамзамон, Кодекси рафтор бо ворид намудани муқаррароти марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифода/озори шаҳвонӣ муаррифӣ шуда, чораҳои интизомӣ барои ҳолатҳои вайрон намудани талаботи он тавзеҳ дода шуданд.

Иштирокчиён инчунин бо тартиби баррасии муроҷиатҳои ҳассос тавассути Механизми баррасии шикоятҳо ва хизматрасониҳои дастгирии дастрас барои шахсони зарардида дар доираи роҳҳои ирсоли муроҷиатҳои гендерӣ шинос гардиданд. Дар муҳокимаҳо аҳамияти ташаккули муҳити эҳтиромомез ва бехатари корӣ таъкид гардид, ки дар он ҳамаи кормандон, новобаста аз ҷинс, худро ҳимояшуда эҳсос намуда, имкони озодона баён намудани нигарониҳои худро дошта бошанд.

Ба иштирокчиён инчунин нақш ва уҳдадориҳои шахсони масъули иҷтимоӣ ва гендерӣ вобаста ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои гендерии лоиҳа фаҳмонида шуд.

Омӯзиш боиси мубоҳисаҳои фаъол ва табодули назар миёни иштирокчиён гардид. Яке аз иштирокчиён чунин қайд намуд, «Ман намедонистам, ки дар Тоҷикистон ин қадар барномаҳо ва механизмҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон амал мекунанд. Ин барои ман воқеан кашфи нав буд». Иштирокчии дигар аҳамияти амалии омӯзишро чунин арзёбӣ намуд: «Ин ташаббуси бисёр муҳим аст. Одамон бояд донанд, ки чунин механизмҳо вуҷуд доранд ва чунин ҳолатҳоро набояд нодида гирифт».

Тавассути баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҳуқуқҳои кормандон, механизмҳои пешниҳоди муроҷиатҳо ва чораҳои пешгирии хавфҳои истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифода/озори шаҳвонӣ, омӯзиш ба таҳкими иқтидори институтсионалӣ дар доираи лоиҳаи НБО-и «Роғун» мусоидат менамояд. Ҳамзамон, он ба ҳадафи васеътари лоиҳа оид ба ташаккули муҳити фарогир, бехатар ва фарҳанги эҳтиромомези меҳнат мусоидат намуда, барои иштироки баробар ва фаъоли занону мардон дар татбиқи яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохтории соҳаи энергетикаи Тоҷикистон замина фароҳам меорад.

IMG_9639-ред.JPGIMG_9627-ред.JPGIMG_9625-ред.JPG-ред.JPGIMG_9560-ред.JPGIMG_9552-ред.JPG
Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими иқтидори кормандон оид ба масъалаҳои гендерӣ, аз ҷумла Кодекси рафтор ва Механизми баррасии шикоятҳо дар НБО-и «Роғун» | Рогунская ГЭС