ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1361 аз 20-уми октябри соли 2012 Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳанг намудани фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ (обӣ, аловӣ, бодӣ, офтобӣ), таъмир ва барқарорсозии онҳо мутобиқи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Гурӯҳ мақоми машваратию ҳамоҳангсоз дар соҳаи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ буда, дар фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда аст.

Гурӯҳ фаъолияти худро мустақиман , инчунин дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар соҳаи сохтмони иншооти энергетикӣ машғуланд, анҷом медиҳад.

Самтҳои фаъолияти Гурӯҳ

- Ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳои ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ вобаста ба масъалаҳои сохмони иншооти энергетикӣ;

- таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи фаъолият;

- иштирок дар омода ва таҳия намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба иншооти энергетикӣ;

- таҳлили рафти татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин намудани ташкили кори комиссияҳои тендерӣ вобаста ба масъалаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ;

- таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо вобаста ба баргузор намудани тендерҳо (озмунҳо) ҷиҳати таҳвили маҳсулот, иҷрои корҳо, хизматрасонии машваратӣ барои сохтмони иншооти энергетикӣ ба комиссияҳои тендерӣ;

- гузаронидани мониторинги истифодаи маблағҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ҷалб ва сафарбар мешаванд;

- ҳамоҳангсозӣ ва таъмини шароити кори мутахассисон, машваратчиён, коршиносони байналмиллалию ватанӣ оид ба тайёр ва татбиқи лоиҳаҳо;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ташкил намудани вохўриҳо бо намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ ва пешниҳод намудани ахборот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- манзур намудани пешниҳоду хулосаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳо, таҳвили маҳсулот, хизматрасонии машваратӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти энергетикӣ ва сифати онҳо;

- пешниҳоди тавсияҳо ба фармоишгар ва пудратчии кулл ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва ба роҳ мондани мониторинги сифати корҳои сохтмонӣ.

Ҳисобкунак

Flag Counter