ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷмӯи мухтасари маълумот оиди гидрология

 

Асосноккунии  техникию   иқтисодӣ (АТИ ) 

Январи соли  2013 

Минтақаи садди Роғун  дар дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Оби дарёи Вахш аз худудхои Помири маркази  ибтидо гирифта захирахои обии он аз ҳисоби обшавии барфхо ва яхҳои қуллаҳои баланди кӯҳсорон сарчашма мегирад. Дар охир ба дарёи Панч хамрох шуда,  ба худ номи дарёи Омуро гирифта, ба бахри Арал мерезад. Дар мавзеи НБО-и Роғун масохати майдони обҷамъкунии дарёи Вахш 30390  км²-ро ташкил дода, таќрибан 30% масохати оби чамъшавандаи он дар баландии 4000 метр аз сатхи бахр дар  барфу  пиряххо чой гирифтааст. Макони банакшагирифтаи тадкики  мачрои дарё дар 74,6 км баландтар аз садди НБО- и Норак ќарор дошта, аввалин садд дар силсиланерўгоххои дарёи Вахш ба хисоб меравад. Минтаќаи НБО-и  Рогун дар мавзеи иклими континентали ќарор дошта, бо харорати ба худ хос дар давоми тамоми сол маълум мебошад. Яке аз хосиятхои фарќкунандаи иќлими Осиёи Маркази  дар он аст, ки миќдори максималии боришот дар  фасли зимистон ба мушоҳида расида,  таќрибан 60% миќдори боришоти солонаи он ба моњњои февралу март рост меояд.Одатан моҳи июл давраи сеоробии дарёи Вахш  ба шумор рафта, давомнокии он ба ҳисоби миёна  200 рузро ташкил медихад.

Дар заминаи баҳогузории пешакии таъсири воқеии тағйирёбии иқлим, чанде аз тавсияномаҳо нисбати лоиҳаи  НБО Роғун пешниҳод гардиданд,ки  тадбирхои мутобиќшавиро дар марҳилаи аввали лоиҳакашӣ  дарбар мегирад. 

Тадқиқоти муфассал ба забони русӣ 

Тадқиқоти муфассал ба забони англисӣ

Ҳисобкунак

Flag Counter