НБО Роғун
Маълумоти умумӣ
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун мутобиқи лоиҳа навъи садд буда баландиаш (335 метр) ва таркиби сарбанд аз сангҳои партофташуда ва маводҳои маҳаллӣ иборат аст.
Таркиби иншооти НБО:
Садди сангу шагал (хокомехта) аз маводҳои маҳаллӣ бо баландии 335 м ;
Нақбҳои сохтмони ва истифодабарӣ;
Бинои зеризаминии НБО, бо толори мошинҳо (дарозиаш 220м, бараш 22м, баландӣ 78м) ва бинои трансформаторҳо (200х20х40м).
Иктидори лоиҳавии НБО — 3 600 МВт, истеҳсоли нерӯи барқ — 13,1 млрд кВт соат. Дар бинои НБО шаш агрегати радиалию меҳварӣ бо тавоноии 600 МВт ҷой дода мешавад. Садди НБО бояд обанбори ғунҷоиши 13,3 км³ ва аз ин ҳаҷми самарабахши он 10,3 км³ ташкил медиҳад. Обанбор ба мақсади табдили энергия ва объёрии заминҳои кишвархои поёноб сохта мешавад. Сохтмони НБО чанд марҳиларо дарбар гирифта, тавоноии навбати аввали он 400 МВт-ро ташкил хоҳад дод.
Лоиҳаи НБО Роғун аз ҷониби институти «Средазгидропроект» (Тошканд) тарҳрезӣ шуда, айни замон корҳои лоиҳакашии НБО-и Роғунро, Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ ва илмию тадқиқотии «Гидропроект» ба номи С.Я. Жук шаҳри Маскови Федератсияи Руссия ба ӯҳда дорад.
Таърихи сохтмон
Сарраёсати энергетика ва электрификатсияи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон соли 1968 барои тартиб додани лоиҳаи технкии НБО «Роғун» ба шуъбаи Осиёмиёнагии институти «Гидропроект» дар шаҳри Тошканд фармоиш дода, Асосноккунии Техникию Иқтисодии лоиҳа соли 1976 ва Лоиҳаи техникии он соли 1980 тасдиқи амалии худро ёфт.
Умуман, марҳилаи корҳои тайёрии сохтмони НБО пас аз тасдиқи АТИ соли 1976 оғоз ёфт.Нахустин сохтмончиён моҳи сентябри соли 1976 ба Роғун омаданд. Майдончаҳои сохтмон дар баландии аз 1000 то 1700 метр ҷой гирифта, наздиктарин стансияи роҳи оҳан 80 километр масофаро ташкил медиҳад. Трансформаторҳо ва чархаҳо дар Украина ва гидрогенераторҳо дар Свердловск сохта мешуданд. Ҳамагӣ дар лоиҳа 300 коргоҳи ҷумҳуриҳои шуравӣ иштирок карданд. Барои сохтмончиён дар ин мавзеъ шаҳри Роғун бунёд ёфта, хонаҳои серошёна ва боғчаи бачагонаи «Юнга» мавриди истифода қарор гирифт. Гарм кардани бино тавассути печҳои электрикӣ сурат мегирифт.
Пеш аз ҳама кандани нақбҳои сохтмонӣ дар мавзеи хокаш нарму ковоки зери фишори баланд қарор дошта, оғоз ёфт. Аз ин лиҳоз, баробари кандани нақб дарҳол корҳои бетонрезӣ сурат мегирифт. Дар як моҳ даҳҳо метр нақб канда шуда мувофиқи лоиҳа 63 километр нақб бояд канда мешуд. Ба ин хотир барои тезонидани корҳо кандани нақбҳоро ва аз мобайн ба воситаҳои чоҳҳои иловагӣ оғоз намуданд.
Барои рехтан ва мустаҳкамкунии (отсыпка плотины) садд конвейерҳои чандинкилометра сохта шуд, ки мӯҳлати сохтмонро коҳиш дода 80 миллион рубли шуравиро сарфа намуд ва ин дар муқоиса ба кашидани бор бо мошинҳои калони боркаш фоиданок буд.
27 декабри соли 1987 дар назди нақбҳои нотамоми сохтмонӣ маҷрои дарёи Вахшро бастанд. Соли 1993 баландии сохтмон ба 40 м расида масофаи нақб 21 километрро ташкил дод , коркарди толори мошини ба (70 %) ва толори трансформатори ба (80 %) расонида шуд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони НБО бинобар вазъи ноороми ҷумҳурӣ қатъ карда шуд, ҳарчанд дар ҳолати соли 1993 аллакай баландии садд ба 40 м, масофаи нақбҳои кандашуда 21 километрро ташкил медод. Ҳамзамон ҳаҷми корҳои баанҷомрасида дар толори мошинҳо ба (70 %) ва толори трансформаторӣ ба (80 %) расонида шуда буд. Дар натиҷаи офати табиӣ 8 майи соли 1993 қисмати болоии сохтмон зери обхезӣ монда нақбҳо ва толори мошинӣ қисман хароб шуд.
Соли 2004 байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Русал» оиди идомаи сохтмони НБО шартнома ба тасвиб расид. Бо маблағҳои Русал асосноксозии фаннию иқтисодӣ ба ҷо оварда шуда, дар майдончаи сохтмони НБО як қисми корҳо ба ҷо оварда шуд, аз ҷумла толори мошини хушк карда шуд. Аммо ҷонибҳо ба як қатор масъалаҳои принсипиалии лоиҳа ба ҳам мувофиқ наомаданд, аз ҷумла сатҳи баландии садд ва шакли он («Русал» пешниҳод намуд ки садди бетони бо баландии 285 метр бунёд ёбад) ва сентябри соли 2007 Тоҷикистон расман шартномаи худро бо ширкати «Русал» қатъ намуд.
Қисме аз таҷҳизотҳои лозима , аз ҷумла ду гидротурбинаи РО310-В-483,5 истеҳсоли кохонаи Харков «Турбоатом», ҳануз ибтидои соли 1990 ба минтақаи НБО Роғун оварда шуда буданд.
Корҳои баҳодиҳии тадқиқотӣ
Дар ҷавоб ба дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Умумиҷаҳонӣ гузаронидани ду таҳқиқотро ҷиҳати арзёбии имконпазирии татбиқи лоиҳаи пешниҳодшудаи нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун (НБО) тибқи стандартҳои байналмиллалӣ дастгирӣ карда истодааст:
Асосноккунии техникию иқтисодӣ (АТИ)
Баҳодиҳии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ (БТЭИ)
Таҳқиқоти арзёбии мазкур аз ҷониби ширкатҳои машваратчии байналмиллалӣ, ки дар асоси озмун аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон интихоб шудаанд, аз ҳисоби лоиҳаи Асоситасияи Байналмилалии Рушд бо кӯмаки коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ ва гузаронида мешаванд. Барои гузаронидани таҳқиқот шартнома бо ду ширкати байналмиллалӣ ба имзо расида ҷараёни музояда таҳти назорати ҷиддии Бонки Умумиҷаҳонӣ қарор дода шуд. Консорсиум бо сарварии ширкати Coyne & Bellier гузаронидани АТИ-ро ба зиммаи худ мегирад (шартнома 8 феврали соли 2011 ба имзо расид), дар ҳоле ки ширкати Poyry Швейтсария таҳқиқоти БТЭИ-ро мегузаронад (шартнома 25 марти 2011 ба имзо расид).
Таҳқиқоти арзёбӣ ба омӯзиши манфиат ва хатароти эҳтимолии алоқаманд бо лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО-и Роғун ва баҳодиҳии ҳаматарафаи имконпазирии техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ ва таҷрибаҳо ва мутобиқи қоидаву тартиботи Бонки Умумиҷаҳонӣ равона шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ ва баҳодиҳии лоиҳаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Умумиҷаҳонӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмиллалӣ бо маълумот оид ба унсурҳои асосии алоқаманд бо лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО-и Роғун, ба монанди асосноккунии фаннӣ ва бехатарии лоиҳа, имконпазирии лоиҳа аз ҷиҳати иқтисодӣ ва мутобиқат бо ҳамаи тадбирҳои бехатарии экологӣ ва иҷтимоӣ таъмин мегардад.
Маълумоти муфассал дар сомонаи : www.worldbank.org/eca/rogun