Олимони амрикоӣ - дар Роғун
Гурӯҳе аз олимони зилзилшиноси Амрико дар маҳалли нирӯгоҳи Роғун, дар шарқи пойтахти Тоҷикистон ба ташхиси ҷанбаи сейсмологии ин минтақа машғуланд.
Файзулло Бобоев , ёвари раиси Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳафт олими соҳаи сеймологияи ИМА бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ду рӯзи пеш ба Душанбе омаданд ва ҳоло дар маҳалли ниругоҳи Роғун қарор доранд."
Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, "ин олимон, ки аз Пажуҳишгоҳи бузурги сейсмологии ИМА ҳастанд, дар муддати чанд рӯзи оянда ташхиси мустақили илмиро дар заминаи тобоварии минтақаи ниругоҳи Роғун ба зилзила анҷом медиҳанд."
Ин масъули Академияи улуми Тоҷикистон гуфт, ки гурӯҳи олимони амрикоиро масъулону мутахасисони Пажуҳишгоҳи сейсмология ва сохтмони ба зилзила тобовари Академияи улуми Тоҷикистон ба раҳбарии академик Собит Неъматуллоев ҳамроҳӣ дорад.
Қарор аст, маъмурияти ин гурӯҳ аз олимони амрикоӣ ба маҳали сохтмони ниругоҳи Роғун охири ҳафтаи ҷорӣ ба поён расад ва пас аз баргашт, онҳо гузориши комилеро дар маврид ташхиси ҷанбаи сейсмологии ниругоҳи Роғун дар як нишаст бо ҳузури мақомот, олмиону мутахасисони соҳа ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ироа кунанд.
Гуфта мешавад, маъмурияти олимони сеймологи амрикоӣ барои ташхиси ниругоҳи Роғун дар чорчуби ҳамкориҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо давлати Тоҷикистон дар заминаи экспертизаи байналмилалии ниругоҳи Роғун сурат мегирад.