ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тавсифи Стивенсон аз Роғун ва интиқодаш аз кишварҳои поёноб

 

Струан Стивенсон, роҳбари гурӯҳи байнипарлумонии Парлумони Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим, танаввӯи биологӣ ва рушди устувор зимни баррасии масоили об дар Брюссел, роҳҳои ҳалли мушкилоти обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказиро ироа кардааст.

Маҷаллаи “The European Times” аз қавли Стивенсон навиштааст, ки майдонҳои васеи пахта ва усули ақибмондаи обёрикунӣ дар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ боиси хушк гардидани баҳри Арал шудаанд: “Як қатор каналҳо, сарбандҳо ва обанборҳо дар маҷрои поёнии ду дарёи асосӣ - Сирдарё ва Амударёро хушк намуда, маҷрои онҳоро коҳиш додаанд. Қаблан, баҳри Арал аз рӯи ҳаҷми худ ҳамчун баҳри дохилӣ ҷойи чаҳорумро дар ҷаҳон ишғол намуда, зиёда аз 40.000 мили мураббаъро фаро мегирифт. Дар давоми чанд сол, сатҳи миёнаи об аз 53 метр ба 26 метр паст шуд. Баҳр аз ҳаҷми пешинааш ба 1/13 хурд гардида, баъзе аз коршиносон пешгӯӣ намудаанд, ки пас аз 20 сол Арали Ҷанубӣ пурра нобуд хоҳад шуд.”

Стивенсон таъкид намудааст, ки мушкили Арал на дар садсолаҳо, балки дар давраи як насл бо дастони одамизод сурат гирифт: “Таъсири нестшавии Баҳри Арал ба 48 миллион нафар, ки дар ҳавзаи Баҳри Арал зиндагӣ менамоянд, даҳшат мебошад. Ҳангоми нест шудани он, оқибатҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба миён меоянд. Бинобар ин мо салоҳ медонем, ки кишварҳои ҳамсояи Арал бояд масъулиятро оид ба ин мушкилӣ ба даст гиранд. Онҳо таҳти хатар қарор доранд ва бохт хоҳанд дод.”

Ин масъули парлумони Аврупо сарчашмаи мушкилоти обии минтақаи Осиёи Марказиро идораи нодурусти об медонад: “Айни ҳол 60% об дар каналҳои обиёришавандаи фарсудашуда ва низоми ғайрисамаранокшуда талаф меёбад. Бояд обёрикунии қатрагӣ ҷорӣ шавад, вале он пурқиммат аст ва он бояд ворид карда шавад. Чунин лоиҳаҳо ба кумаки молиявӣ эҳтиёҷ доранд. Иттиҳоди Аврупо яке аз донорҳои асосӣ ба ин масъала мароқ зоҳир менамояд. Мо бояд муколамаро миёни ҳамаи ҷонибҳо таҳким диҳем. Созишҳо набояд аз берун талқин карда шаванд. Маҳз кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд қарор қабул намоянд. Ин омил иродаи сиёсиро талаб менамояд. Сулҳ дар пояи масъалаҳои обӣ муколамаи созандаро байни кишварҳоро, бо назардошти эҳтиёҷоти иҷтимоии истифодабарандагон, дар назар дорад.”

Стивенсон инчунин барои ҳалли мушкили обу энержӣ дар Осиёи Миёна зарур хондааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сохтмони НОБ-и бузурги Роғун дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад: “Лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ обро истеъмол наменамоянд, онҳо нерӯи онро истифода мекунанд.”

Ин вакили парлумон аз Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тавсиф карда, афзудааст, ин шахси фаъол ва пурнерӯ, тавассути сохтмони НОБ-и Роғун талош дорад Тоҷикистонро оҳиста-оҳиста аз вартаи мушкилиҳо бароварад: “Ин лоиҳаи бузург бо арзиши 4 миллиард доллар қубурҳои зеризаминии 45-километра ва шаш турбинаҳои бузургро, ки 3600 МВт нерӯ дар як сол таҳвил менамоянд, дорост. Ҳаҷми ин лоиҳа ба таври кофӣ таъсирбахш аст ва он ба ин минтақаи хароб ва аз ҷиҳати сиёсӣ хеле ҳассос аҳамияти глобалӣ дорад. Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 км сарҳад дорад. Дар Афғонистон ва Покистон камбизоатӣ ва мавҷуд набудани ҷойи корӣ водор месозад, ки насли нави ҷавонон ба доми қочоқчиёни маводи мухадир ва ифротгароён афтанд. Таҳвили боэътимоди нерӯ аз Тоҷикистон иқтисодиёти харобгардидаи ин минтақаро тағйир медиҳад, шаҳрвандони аз ҷанг азияткашидаро бо сарчашмаи шуғли нав ва бо имкониятҳои нав таъмин менамояд. Ин он чизе аст, ки мо дар Ғарб бояд истиқбол ва дастгирӣ намоем. Ман аз Роғун борҳо дидан намудам ва салоҳ медонам, ки ин лоиҳа аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Роғун дар ҳақиқат лоиҳаи ҳаётан муҳим буда, метавонад об ва нерӯро ба воситаи сулҳофарӣ мубаддал гардонад.”

Ҳисобкунак

Flag Counter