ОБУ ЭНЕРГЕТИКА - ОМИЛИ ТАЪМИНИ СУЛҲ
Душанбе, (АМИТ «Ховар»).- Ба тозаги дар шаҳри Брюссел конфронс дар мавзӯи «Обу энергетика – омили таъмини сулҳ» баргузор гардид. Конфронс бо ибтикори намояндагони Парлумони Аврупо, гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба тағйири иқлим ва рушди устувор, гурӯҳи оид ба масоили об дар Парлумони Аврупо роҳандозӣ шуд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев зимни суханрониаш аҳамияти ташкили чунин конфронсҳо барои муҳокимаи масоили муҳими бахши истифодаи об ва энергетикаро хотирнишон сохт. Мавсуф зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша кишварҳои минтақаро даъват мекард ва даъват мекунад, ки масоили идораи захираҳои обро бо шеваи ҳамкорию муколамаи судманд ҳал намоянд.
Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимов дар мавриди захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон ва сиёсати давлат дар бахшҳои зикршуда сухан кард. Мавсуф иброз дошт, ки Тоҷикистон дар сиёсати бахши об чунин вазъиятро ба назар мегирад, ки об бояд мавзӯи ҳамкорӣ бошад. Султон Раҳимов ҳамчунин ба иштирокдорони конфронс аз механизмҳои мавҷудаи ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амри идораи захираҳои об иттилоъ дод.
Худи ҳамон рӯз як қатор мулоқотҳои дуҷонибаи муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов бо вакилони Парлумони Аврупо, ноиби Президенти ширкати «Total» Натали Коматич, Директори намояндагии ЮНИДО - и Иттиҳоди Аврупо Кристоф Ивто, президенти ширкати «Biwater» -и Британия Андриан Уайт баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетика ва идораи захираҳои обро мавриди муҳокима қарор доданд.