Ояндаи НБО-и ҚАЙРОҚҚУМ
Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар оянда НБО-и Қайроқум таҷдид мегардад. Дар робита палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 25 июн Созишномаи грантӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодии НБО Қайроққум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ -ро ба тасвиб расонд.
Рӯҳуллоҳ Ҳакимов -муовини вазири молияи кишвар зимни шарҳи масъалаи мазкур гуфт, ки 21 ноябри соли 2012 Созишномаи грантӣ кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми 569, 3 ҳазор евро барои хизматрасонии машваратӣ ҷиҳати омода намудани асоснокунии техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии таҷдиди НБО Қайроққум байни Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР ба имзо расонида шуд.
Айни замон марҳилаи аввали лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 21 миллион евро -14 милион евро маблағи қарзӣ ва 7 миллион евро маблағҳои грантӣ пешбинӣ шудааст, амалӣ гардида истодааст. Баъди гузаронидани асоснокунии техникӣ -иқтисодӣ ва иҷтимоӣ -экологӣ таҷдиди НБО -и Қайроққум ҷалби маблағҳои Бонкҳои аврупоӣ дар ҳаҷми 45 миллион евро барои таҷдиди НБО Қайроққум дар назар дошта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки НБО -и Қайроққум солҳои 1956-1957 бо иқтидори умумии 126 мВт ба кор дароварда шуда, дар зарфи 50 соли фаъолият таҷҳизоти нерӯгоҳ фарсуда гардидааст.
Дар ин ҳол Сафаралӣ Гулов -муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мегуяд созишномаи мазкур бо мақсади ташхиси техникӣ-иқтисодии НБО Қайроқум ба имзо расидааст. Ҳадафи лоиҳа беҳ намудани вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» аз ҳисоби кам намудани талафоти нерӯи барқ ва беҳтар намудани сифати барқи интиқолшаванда ба муштариён, кам гардидани садамаҳо дар шабақаҳои барқист.