МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ШӮРОИ ҶАҲОНИИ ОБ
Душанбе, 19 август (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедитто Брагаро ба ҳузур пазируфт.
Аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии об изҳори қаноат карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нақши Шӯрои ҷаҳонии об, ки чун созмони калидӣ дар ин соҳа беш аз 300 аъзо дорад, дар пазироӣ, тарғиб ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Бенедитто Брага дар навбати худ аз пешсафии ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили вобаста ба об қадрдонӣ карда, изҳор дошт: “Мо мисли Тоҷикистон муътақидем, ки об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад ва на воситаи низоъ”.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки “Шӯрои ҷаҳонии об барои татбиқи амалии ташаббусҳои судманди Тоҷикистон дар соҳаи об минбаъд низ ҷаҳду талош хоҳад кард”.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.