ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Интиколи барк ба кишвархои хамсоя

 

Миёни Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон қатъномае ба имзо расидааст, ки тибқи он дар фасли тобистон Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Покистон 1300 МВт нерўи барқ мефурўшанд.

Ба навиштаи расонаҳои англисзабони Покистон, ин қатънома рўзи душанбе дар ҷаласаи Шўрои байниҳукуматии Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ (CASA) ба имзо расидааст.

Аммо масъулини «Барқи тоҷик» аз ба имзо расидани чунин қатънома изҳори беиттилоӣ намуда, гуфтанд, ки ин масъала дар сатҳи ҳукумат баррасӣ ва ба тасвиб марасад.

Ин тасмим барои он гирифта шудааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли тобистон нерўи барқи бештар истеҳсол намуда, бозори фурўш надоранд.

Ин тарҳ аз Қирғизистон оғоз ёфта, хати он то Хуҷанд 477 км ташкил медиҳад. Дар Хуҷанд ба системаи ягонаи барқии Тоҷикистон пайваст мешавад. Нерўи барқе, ки ба Покистон интиқол меёбад, аз Сангтўда ба Кобул ва Пешовари Покистон бурда мешавад.

Аз нерўи барқи интиқолшаванда 300 Мвт-и он дар Кобул истифода хоҳад шуд.

Масъулини Покистон гуфтаанд, тарҳи мазкур мушкилиҳои зиёде дорад. Аммо камбуди барқ дар Покистон моро водор менамояд, ки ба ҳар қиммате набошад, ин тарҳро бунёд намоем.

Аз соли 2014 бунёди ин тарҳ оғоз гардида, дар назар аст, ки дар давоми 2-3 сол ба итмом расад. Тарҳи CASA-1000 аз ҷониби Бонки рушди осиё маблағгузорӣ хоҳад шуд. Ҳадафи асли он интиқоли барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои ҷануби Осиё мебошад.

Аз ин тарҳ, ИМА низ дастгирӣ мекунад. ИМА чандин маротиба ин тарҳро лоиҳаи дорои аҳамияти стратегӣ унвон карда буд. Арзиши умумии ин тарҳ 966 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Ҳисобкунак

Flag Counter