ЗЕРИСТГОҲИ АСРИИ НБО НОРАК БА КОР ДАРОМАД
ДУШАНБЕ, 13 АВГУСТ. (АМИТ «ХОВАР»). – ИМРӮЗ ШИРКАТИ ALSTOM GRID АСБОБИ МАХСУСИ НАВИНИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ НОРАКРО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОД. ДАР ИН МАРОСИМИ БОТАНТАНА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ВАЗИРИ ЭНЕРГЕТИКА ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛ ШЕРАЛӢ, РАИСИ ШИРКАТИ ДАВЛАТИИ ЭНЕРГЕТИКИИ «БАРҚИ ТОҶИК» - И ТОҶИКИСТОН АСЛӢ НАЗАРОВ, ҲАМЧУНИН НАМОЯНДАГОНИ САФОРАТҲОИ ФАРОНСА ВА ОЛМОН ШИРКАТ ДОШТАНД.
Арзиши лоиҳаи мазкур 22 миллион евроро ташкил дода, барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад, зеро қариб 80 фоизи истифодабарандагони ҷумҳуриро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.
НБО Норак калонтарин нерӯгоҳи барқии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, қудрати муқарраршудаи он 3 гигаваттро ташкил дода, беш аз 75 фоизи нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад. Лоиҳаи такмили нерӯгоҳҳои мазкур бояд бархе вазифаҳо, аз ҷумла вазифаи тавлиди нерӯи барқ, ба эътидол овардани тамомияти шабакаҳои Осиёи Марказӣ ва бо об таъмин намудани Ӯзбекистону Туркманистонро ҳал намояд. Лоиҳаи мазкур марҳалаи аввали барномаи мукаммал ҷиҳати навсозии таҷҳизоти барқии НБО Норак маҳсуб меёбад.