ГИДРОАГРЕГАТИ ЯКУМИ НБО «САНГТӮДА - 1» ТАЪМИР МЕШАВАД
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). - Назар ба хабари хадамоти матбуоти НБО «Сангтӯда - 1», гидроагрегати рақами 1 - уми нерӯгоҳ таъмир карда мешавад.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, гидроагрегат дар ҳошияи барномаи барои соли 2014 пешбинишуда таъмир шуда, дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Дар ин муддат мутахассисон турбина, қисми механикию барқии генератор, чархи ҳаракатдиҳанда, қисми обгузари агрегат ва системаи танзиму сардшавии онро таъмир менамоянд.
Таъмири асосии гидроагрегат, ки 20 январи соли 2008 мавриди истифода қарор гирифта буд, бо қувваи коргарони нерӯгоҳи барқӣ бидуни ҷалби ташкилотҳои пудратӣ сурат мегирад.
Хотирнишон месозем, ки қариб 15 фоизи тавлиди умумии нерӯи барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи НБО «Сангтӯда - 1» аст. Иқтидори нерӯгоҳи мазкур 670 мегаваттро ташкил медиҳад.