ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Талабот ба энергияи барқ меафзояд

 

Дар партави Паёми Президент

Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи электроэнергетикаи кишвар ва беҳдошти вазъи таъминоти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо неруи барқ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Соли ҷорӣ бо ҷалби сармояи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар ин соҳа идома ва оғоз хоҳад ёфт. Аз ҷумла дар доираи лоиҳаҳои грантии Бонки Осиёии Рушд «Сохтмони хатҳои минтақавии интиқоли барқ» бо арзиши лоиҳавии 122 млн. доллари ИМА татбиқи зерлоиҳаҳо дар давраи солҳои 2013-2015 ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВт «Қайроққум-Ашт» бо азнавсозии дастгоҳҳои тақсимотии 220 кВт-и Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», азнавбарқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи барқии Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ», азнавсозии дастгоҳҳои барқии зеристгоҳи «Регар-500 кВт», азнавбарқароркунии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ва ғайра аз ин ҷумла мебошад.

Сардори хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки ҳоло дар олам норасойии неруи барқ мушоҳида мегардад ва талабот ба энергия сол то сол меафзояд. Масалан, дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо вуҷуди соле то 130 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидан талаботи мардум пурра бо барқ таъмин нашудааст. Бар замми ин, тавре мутахассисон ҳисоб кардаанд, дар ин минтақа баъд аз соли 2020 соле 180 миллиард кВт/соат ва баъд аз соли 2030 зиёда аз 200 миллиард кВт/соат барқ лозим мешавад.

Дар Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлолият соҳаи энергетика пойбарҷо буд ва рушду тараққӣ кард. Вобаста ба муҳимияти ин мавзуъ 26 апрели соли равон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр гардид: «…рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ, вобастагии бузург дорад. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад».

Нозир Ёдгорӣ изҳор дошт, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварданд, ки бо бунёди иншооти муҳим ва хеле зарурӣ, таҷдиду модернизатсияи иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли барқ соҳаи энергетика пеш рафта, такомул меёбад. Давоми якчанд соли охир пурра ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» мисоли рӯшани ин аст.

Давоми ҳафтод соли мавҷудияти системаи энергетикии Тоҷикистон қисмати ҷануб ва маркази Тоҷикистон, ки вобаста ба шароитҳои табиӣ қисми зиёди иқтидорҳои энергетикӣ дар ин мавзеъ воқеанд, аз шимоли кишвар ҷудо буд. Тамоми ин муддат ҷумҳуриамон ба ҷануби Ӯзбекистон барқ медод ва дар як вақт аз ин кишвар барои шимоли мамлакат барқ мегирифт. Акнун имконият фароҳам омад, ки тавассути неругоҳҳои худӣ ба шимоли мамлакат барқ интиқол диҳем. Дар дигар кишварҳо низ хатҳои интиқоли барқ бунёд меёбанд, вале дар чунин шароит ва релефи мураккаби ҷумҳурии мо бунёди хати интиқоли барқи баландшиддат амали хеле ҷасурона ва шоистаи таҳсин аст. Ин тадбирҳо ва дигар амалҳои муҳим имконият фароҳам оварданд, ки истеҳсоли барқ дар кишвари мо то 1000 мВт афзояд ва давраи танқисӣ аз барқ дар фаслҳои сард хеле кӯтоҳ шавад. Норасойии энергияи барқ аз 4,5-5 млрд.кВт/соат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2007-2008 то 1,5 млрд. кВт/соат дар давраи зимистони солҳои 2012-2013 расонида шудааст,- зикр намуд Нозир Ёдгорӣ.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми мамлакат, балки ба нафъи кишварҳои минтақа низ хоҳад буд. Бо ин мақсад, давоми ҳафт соли охир ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи энергетика қариб 12 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи даҳ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи шаш миллиард сомонӣ идома дорад.

Нозир Ёдгорӣ ҳамчунон гуфт, ки нуктаҳои Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми мардуми кишварамонро дилгарму руҳбаланд менамоянд ва изҳори боварӣ намуд, ки эътимоди мардум нисбат ба ин сиёсати созанда боз ҳам қавитар мегардад, ки ҳадафаш ташкили таъмини зиндагии шоиста барои ҳар сокини кишвар мебошад.

Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»

Ҳисобкунак

Flag Counter