Марҳалаи чоруми машварати намояндагони кишварҳо ва ҷомеаи шахрванди барои натиҷаи таҳқиқи нерӯгоҳи обии Роғун дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт.
Ин машварати видеоӣ дар дафтари душанбегии Бонки ҷаҳонӣ рӯзҳои 17, 18 ва 21-уми октябр баргузор шуд ва иштироккунандагон бо дафтарҳои ин ниҳоди молӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳам дар Вашингтону Кобул ва Париж сӯҳбати мустақими видеоӣ барпо кардаанд.
Машварати мазкур бо мақсади шиносоии ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои поёноб бо натиҷаи таҳқиқоти фаннии тарҳи нирӯгоҳи Роғун доир шудааст. Дар ҷараёни ин нишаст барои намояндагони кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва беш аз 30 созмонҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Алма-Ато, Остона, Ашқобод, Душанбе, Кобул ва Тошканд конфаронси видеоӣ гузаронда шудааст.
Марҳалаи чоруми машварат бо кишварҳои поёноб ба масъалаи бехатарии садди нерӯгоҳи Роғун бахшида шуда,, дар он ду гузориш шунида шуд. Яке натиҷаи корҳои геологӣ ва геотехникии таҳқиқоти садди обанбор ва обнигоҳдорӣ, дувум - баҳогузорӣ ба рафти корҳои нерӯгоҳи Роғун, хусусан анҷоми корҳои зеризаминӣ ва сохтмону тармими нақбҳо.
Дар машварати пешина дар моҳи феврал, ки дар шаҳри Алма-Ато сурат гирифт, аз ҷумла пажӯҳиши муқаддамотии ҷуғрофиёии соҳили рости рӯдхонаи Вахш ва таҳқиқи обшиносӣ ва ё гидрологии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуда буд, ки дар он омадааст, “маҳаллу навъи садди интихобшуда, барои бунёди нерӯгоҳи Роғун муносиб аст.”
Вобаста ба натичахои ташхис ва ин машварат дар сомонаи Бонки чахони ва Гурухи татбики лоихахои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Чумхурии Точикистон www.energyprojects.tj маълумоти муфассал мавчуд аст.