Шиносоӣ бо шабакаи WeSEE ҷиҳати пешбурди баробарии гендерӣ дар бахши энергетика
Гуруҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷаласаи шиносоии шариконро баргузор намуд, ки дар доираи он се муассиса, аз ҷумла ГТЛ, ҶСК «Роғун» ва Мудирияти минтақаи зериобшаванда (ММЗ), ба шабакаи WeSEE (Тақвияти имкониятҳои занон дар соҳаи энергетикаи устувор дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ) ҳамроҳ гардиданд. Шабакаи мазкур ташаббуси минтақавӣ буда, ба пешбурди баробарии гендерӣ дар бахши энергетика дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ равона шудааст.

Мақсади асосии ҷаласа шинос намудани иштирокчиён бо мафҳум, ҳадафҳо, сохтор ва интизориҳои шабакаи WeSEE, инчунин имкониятҳои ҳамкорӣ ва иштирок дар доираи он буд.
Зимни ҷаласа, ба масъалаи фарқиятҳои гендерӣ, ки дар натиҷаи пурсиши кормандон дар ташкилотҳои шарик муайян гардидаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, роҳҳои амалии дастгирии иштироки занон дар вазифаҳои техникӣ ва роҳбарикунанда баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, иштирокчиён бо чор самти стратегии ташаббуси WeSEE шинос шуданд, аз ҷумла: дастгирии гузариш аз таҳсилоти STEM ба бозори меҳнат, мусоидат ба ҷалб ва рушди касбии занон, фароҳам овардани муҳити кории фарогир ва бехатар, инчунин пешбурди тағйироти сиёсӣ ва институтсионалӣ. Инчунин, сохтори ташаббус ва нақши шарикон, аз ҷумла ӯҳдадориҳо оид ба татбиқи чорабиниҳои марбут ба гендер ва пешниҳоди ҳисобот оид ба пешрафт муаррифӣ карда шуданд.
Қайд гардид, ки ҳамоҳангсозии ташаббус аз ҷониби барномаи «Энергетика ва гендер дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ» (ECAGE)-и Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардида, он ҳамчун котиботи муваққатӣ хизмат намуда, дастгирии методологӣ ва платформаи минтақавиро барои ҳамкорӣ, мубодилаи дониш ва рушди иқтидор фароҳам меорад.

Дар натиҷаи ҷаласа, иштирокчиён фаҳмиши возеҳ оид ба ташаббуси WeSEE ва афзалиятҳои ҳамроҳшавӣ ба шабакаи мазкур ба даст оварданд. Ин ташаббус имконият фароҳам меорад, ки равишҳои гендерӣ ба бахши энергетика ҳамгиро гардида, ба рушди фарогир ва устувор мусоидат намояд.





