ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Стандартҳои бехатарӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун


14 январи соли 2026, Маркази татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО) барои пудратчиён омӯзиши махсус оид ба таҳияи Нақшаҳои идоракунии экологӣ ва иҷтимоии пудратчиён (НИЭИП)-ро дар доираи лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун баргузор кард. Дар омӯзиш намояндагони пудратчиён, хусусан онҳое, ки мустақиман ин гузоришҳоро омода мекунанд, аз ҷумла муҳандисон, мутахассисони соҳаи тандурустӣ, бехатарӣ ва муҳити зист ва роҳбарони лоиҳаҳо иштирок карданд.


Ҳозирин бо талаботи Чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ (ЧЭИ), Стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии амалкунанда (СЭИА), қонунгузории экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи НБО Роғун, пеш аз ҳама Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ ва НИЭИП, ки ҳуҷҷатҳои асосӣ барои таҳияи нақшаҳои пудратчён мебошанд, шинос карда шуданд. Иштирокчиён шарҳи муфассали сохтори НИЭИП ва бахшҳои асосии мавзӯии он, аз ҷумла бехатарии меҳнат ва саломатӣ, идоракунии партовҳо, сифати ҳаво, садо ва ларзиш, нақлиёт ва ҳаракати нақлиёт, идоракунии об, маводҳои хатарнок, ҳалли шикоятҳо ва баробарии гендерӣ гирифтанд.


Ҳадафи омӯзиш таъмини фаҳмиши умумӣ дар бораи стандартҳо ва талаботи амалӣ барои идоракунии хатарҳои экологӣ ва иҷтимоӣ дар майдонҳои сохтмонии НБО-и Роғун, инчунин баланд бардоштани омодагии пудратчиён барои таҳия ва татбиқи самараноки НИЭИП-ҳои худ буд. Дар натиҷа, иштирокчиён дастурҳои возеҳро дар бораи мундариҷа, тартиби тасдиқ ва мониторинги нақшаҳои худ, инчунин тақсимоти масъулиятҳо барои татбиқи онҳо гирифтанд. Ин хатарҳоро барои коргарон ва ҷамоатҳои маҳаллӣ ба таври назаррас коҳиш медиҳад, таъсири манфии экологӣ ба муҳити зистро ба ҳадди ақал мерасонад ва риояи ӯҳдадориҳои байналмилалии лоиҳаро таъмин мекунад ва эътимоди донорҳо ва устувории лоиҳаи НБО-и Роғунро мустақиман тақвият медиҳад.


Ҳисобкунак

Flag Counter