Бонки Осиёии Рушд рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, масоили вобаста ба муҳити зист ва кӯчониданро арзёбӣ намуд
Душанбе, 22 сентябри соли 2025 – Аз 15 то 20 сентябри соли 2025 Ҳайати Бонки Осиёии Рушд (БОР) оид ба сораҳои муҳофизатӣ иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва минтақаҳои ҳамшафати онро ҳамаҷониба тафтиш карданд. Ҳайати ин сафар аз коршиносон оид ба ҳифзи муҳити зист, саломатӣ ва бехатарии меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва кӯчонидани аҳолӣ, риояи стандартҳои муҳофизат ва бехатарӣ ва мониторинги муҳити зист иборат буд. Ҳайати коршиносонро кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо (ГТЛ) ва Мудирияти минтақаи зериобшаванда (ММЗ) ҳамроҳӣ карданд.
Зимни сафар коршиносон дар Душанбе вохӯриҳои корӣ доир намуда, аз майдони сохтмони НБО-и Роғун, бошишгоҳҳои коргарон, нуқтаҳои тиббӣ, озмоишгоҳҳои пудратчиён дидан намуда, ба маҳалҳои кӯчонидани аҳолӣ сафарҳо анҷом доданд. Ин миссия дар ду марҳила сурат гирифт.
Марҳилаи аввал азназаргузаронии ҳамаҷонибаи қитъаҳои сохтмони НБО Роғун ва минтақаҳои ҳамсояро дар бар гирифт. Ҳайат пешрафтро дар мавзеъҳои асосӣ – сарбанди асосӣ, толори турбинаҳо ва нақбҳо – арзёбӣ намуда, мониторинги муҳити зист (сифати ҳаво ва об, садо ва ларзиш), идоракунии партовҳои хатарнок ва ғайрихатарнок, нигоҳдории сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ, манзили коргарон ва Механизми баррасии шикоятҳоро (МБШ) дар ҷойҳои корӣ тафтиш кард.
Мушоҳидаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки рафти сохтмон ҷараён дорад ва системаҳои мониторинг фаъоланд. Хулоса ва тавсияҳои ниҳоӣ пас аз коркарди маълумоти лабораторӣ ва гирифтани нишондиҳандаҳои муфассал аз ГТЛ ва ММЗ таҳия карда мешаванд.
Дар ин марҳила ҳайати мутахассисон тавсия доданд, то чораҳои коркард ва нигоҳдории маводи хатарнок таҳким дода шаванд, омодагии хадамоти тиббӣ баланд бардошта шавад ва шаффофияти ҳадди аксар дар татбиқи МБШ барои коргаронро таъмин карда шавад.
Дар ин марҳила миссия тавсия дод, ки чораҳо оид ба коркарди бехатар ва нигоҳдории маводи хатарнок, омодагии хизматрасонии тиббӣ ва таъмини шаффофияти ҳадди аксар дар татбиқи МБШ барои коргарон беҳтар карда шаванд.
Марҳилаи дуюми миссия боздид аз маконҳои кӯчонидани шахсони аз лоиҳа зарардида (ШЛЗ) дар доираи Марҳилаи 1-и Нақшаи амалиёти кӯчонидан (НАК-1) ва инчунин шахсони қисман кӯчонидашуда дар доираи Марҳилаи II Нақшаи амалиёти кӯчонидан (НАК-2) иборат буд. Ғайр аз ин, ноҳияҳое, ки барои кучонидани оянда пешбинӣ шудаанд, аз назар гузаронда шуданд.
Дар рафти сафар вохӯриҳои ғайрирасмӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ (ҳукуматҳо), ҷамоатҳо, аҳолии зарардида ва дигар ҷонибҳои манфиатдор баргузор гардиданд. Мушкилоти кунунӣ ва пешрафт дар татбиқи нақшаҳои кӯчонидан, инчунин механизмҳои ҷалби минбаъда ва дастгирии БОР баррасӣ шуданд.
"Барои мо, ГТЛ ва ММЗ, одамон ва некӯаҳволии онҳо аз ҳама муҳим аст: мо бори дигар таъкид карданием, ки равандҳои шаффоф ва одилонаи кӯчонидани аҳолӣ, барқарорсозии воситаҳои зиндагӣ ва муколамаи давомдор бо ҷамоаҳои зарардида барои мо ӯҳдадории аввалиндараҷа аст. Мо омодаем, ки тавсияҳои шарикони байналмилалиро фавран амалӣ созем ва ба оилаҳо дар давраи мутобиқшавӣ кӯмак расонем, то раванди амалисозии лоиҳа ба принсипҳои устувории иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои аҳолии маҳаллӣ ҷавобгу бошад.», - иброз дошт Рустам Саидзода, намояндаи ММЗ.
Ҳисоботи пурра ва натиҷаҳои мониторинг пас аз анҷоми таҳлили маълумоти гирифташуда нашр карда мешаванд. Мо ба шарикон ва ҷамоатҳои маҳаллӣ барои ҳамкориашон дар давоми сафар изҳори сипос мекунем.
Барои дархости мусоҳиба ва маълумоти иловагӣ, лутфан бо шахси масъул тамос гиред:
Санавбар Шерова, мутахассиси бахши робита бо ҷомеа, ГТЛ СИЭ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: +992 93 576 00 36
Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ">sanavbarsherova@gmail.com