ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи ниҳоии машваратӣ оид ба ҳуҷҷатҳои навшудаи экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи НБО Роғун

 

                          Баёнияи матбуотӣ

 Ҷаласаи ниҳоии машваратӣ оид ба ҳуҷҷатҳои навшудаи экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи НБО Роғун

 Душанбе, 11 сентябри соли 2025 — Шарикони татбиқкунандаи лоиҳаи НБО «Роғун» дар доираи як қатор машваратҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуҷҷатҳои навшуда, аз ҷумла Арзёбии таъсири муҳити зист ва иҷтимоӣ (АТЭИ), Нақшаи амалиёти кӯчонидани аҳолӣ (НАК) ва Нақшаи барқарорсозии воситаҳои зиндагӣ (НБВЗ) бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ниҳоии машваратӣ баргузор намуданд.IMG 8170Дар чорабиниҳо намояндагони Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии (ГТЛ СИЭ) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун», намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ба сифати нозирон, шахсони аз лоиҳа зарардида ва намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Барнома аз руйнамоии АТЭИ навшуда, НАК 2, НБВЗ 2, ҷаласаи саволу ҷавоб ва ҷамъбасти муҳокимаҳо иборат буд.

Ин ҷаласа як силсила машваратҳоеро, ки дар навоҳии Файзобод, Нуробод, Рашт ва Турсунзода бо ҷамоатҳои маҳаллии ҳам аҳолии кӯчонидашуда ва ҳам аҳолии мизбон баргузор шуда буданд, ба анҷом расонид. Ҳадафи ин машваратҳо таъмини шаффофият дар раванди навсозии АТЭИ ва дигар воситаҳои асосии лоиҳа ва таъмини муколама бо ҷомеаҳои зарардида мебошад.

Дар машваратҳои сатҳи ноҳиявӣ дар маҷмӯъ тақрибан 300 нафар сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла зиёда аз 40 нафар зан иштирок намуданд. Дар ҷаласаҳо саволҳо ва эродҳои сершумори иштирокчиён пайдо шуданд, ки ташкилотчиён барои таъмини шаффофият ва муколамаи давомдор ба онҳо тавзеҳот ва посухҳои муфассал доданд.

Мавзӯҳои асосии чорабинӣ навсозии воситаҳои иҷтимоӣ ва экологии лоиҳа, масъалаҳои асосии марбут ба кӯчонидани аҳолӣ ва барқарорсозии воситаҳои зиндагӣ, чораҳои коҳиш додани таъсири манфӣ ва мониторинг, инчунин муҳокимаи қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи НАК 2 ва НБВЗ 2 буданд.

«Мо ошкорбаёнӣ ва муколамаро бо ҷомеа қадр мекунем – ин машваратҳо барои ба инобат гирифтани андешаҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои асосии лоиҳавӣ мусоидат мекунанд», - иброз кард директори ГТЛ СИЭ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон П.Муҳиддинён.

Варианти пурраи ҳуҷҷатҳои навшудаи АТЭИ, НАК 2 ва НБВЗ 2 дар инҷо дастрасанд:

Бо забони тоҷикӣ - https://energyprojects.tj/index.php/tj/nbo-ro-un/aveilr

Бо забони русӣ - http://energyprojects.tj/index.php/ru/rogunskaya-ges/eko-sots-instrument

Бо забони англисӣ - http://energyprojects.tj/index.php/en/rogun-hpp/eko-sots-instrument

 

Барои дархостҳо оид ба мусоҳиба ва маълумоти иловагӣ, лутфан тамос гиред:

Санавбар Шерова, мутахассиси бахши робита бо ҷомеа, ГТЛ СИЭ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: +992 93 576 00 36

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ">sanavbarsherova@gmail.com

Ҳисобкунак

Flag Counter