ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чаҳоруми Бонки Ҷаҳонӣ дар робита ба тарҳи нерӯгоҳи Роғун ба кор оғоз мекунад.

 

Мулокоти видеоӣ ба ин муносибат соати 13.00 зуҳри имрӯз дар дафтари Бонки Умумичахони дар Душанбе сурат мегирад ва дар кори он намояндагони 6 кишвари ҳавзаи Ому, яъне Тоҷикистону Узбакистон, Афғонистону Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистон ширкат доранд.

Ҳамчунин намояндагиҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Пориси Фаронса ва Кобул низ як ҷо бо намояндагиҳои бонк дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мустақиман аз тариқи онлайн бо дафтари Душанбе пайваст мебошанд. Ба иттилои масъулони Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе, ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Фаррух Ҳамралиев, мушовири умури иқтисодии раиси ҷумҳур, раҳбарӣ мекунад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар ин нишасти дурӯза натиҷаҳои арзёбии навбатии худро роҷеъ ба сохтмони обанбори нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ду гузориш ба баҳс мегирад. Гузориши аввал бо номи “Таҳқиқи ҷуғрофиёӣ ва геотехникии таркиби хоки обанбору атрофи он ва намакҳо” ва дуввум бо номи “Гузориш дар бораи корҳои анҷомшуда дар нерӯгоҳи Роғун” ба нашр расидааст.

Гузориши аввал ба таркиби хоку намакҳои дараи Ёнахш, яъне маҳали сохтмон ва атрофи обанбор иртибот дорад, ки барои амнияти ояндаи обанбору сарбанд омили асосӣ ба шумор меравад. Дар гузориши дуввум таъсисоти сохташуда, аз ҷумла нақбҳои зерзаминии обгузар, нақбҳои рафту омад ва нақлиётӣ, сифати кор ва амнияти онҳо бо назардошти меъёрҳои мавҷуда ба баррасӣ гирифта шудаанд ва дар ин бора пешниҳодҳо низ дода шудааст. ин ду гузоришро ширкати “Coyne et Bellier”-и Фаронса таҳия кардааст ва онро гурӯҳи вижаи коршиносон баррасӣ намудаанд.

Гузашта аз ин, роҷеъ ба ин масъала машваратҳои чандҷониба низ анҷом мегирад. Ҳамчунин гурӯҳи коршиносон пешниҳоди ҳукуматҳои ҳавзаи рӯдхонаи Ому, коршиносони минтақа, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро гирдоварӣ мекунанд ва таҳлилу баррасиҳо бо назардошти пешниҳоди ҷонибҳои гуногун идома хоҳад ёфт. Ин пешниҳодҳоро Бонки Ҷаҳонӣ то 1 ноябри соли 2013 қабул хоҳад кард. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, нақши бонк ин аст, ки маълумоти муқаддамотӣ ва бетарафонаро роҷеъ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар ҷараёни арзёбиҳои мустақилона аз гурӯҳи коршиносону мушовирон гирдоварӣ кунад ва онро дар ихтиёри кишварҳои зидахл қарор диҳад.

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар соли 1965 дар солҳои Шӯравӣ барномарезӣ шуда буд ва корҳои сохтмонӣ дар он соли 1976 оғоз ёфт. Тибқи нақша баландии сарбанд аз 335 метр ва нерӯгоҳ аз 6 чарха ё агрегат иборат хоҳад буд. Ҳар чарха бояд 600 МВт нерӯи барқ тавлид кунад. Гузашта аз ин, нерӯгоҳ дорои толори зерзаминии таҷҳизот, толори трансфарматорҳо, нақби симҳои барқ ва амсоли он хоҳад буд, агар чанд нақби зерзаминии обпарто дар ҳар ду тарафи соҳил дар назар гирифта нашавад.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter