ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ

 

Барномаи истифодаи самараноки захирахои обию энергетики ва сарфачӯии нерӯи барқ барои солхои 2012-2016» дар асоси дастур ва супоришхои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 15 апрели соли 2009 бармеояд, тахия карда шудааст.

Барномаи мазкур самтхои асосии истифодаи самараноки захирахои обию энергетикӣ ва амали кардани нақшаю чорабиниҳо дар бахши самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия, оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва кам кардани талафоти энергияро фаро гирифта, сиёсати пешгирифтаи давлатро ҷиҳати ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ муайян месозад.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обию энергетикӣ буда, аз ин ҷиҳат дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро ишғол менамояд. Аз 115,6 км3 ҳавзаи Баҳри Арал 64 км3-и он (55,4%) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва айни замон, танҳо 12,52 %, ё ин, ки ҳамагӣ 14,58 км3 –и ҳаҷми он барои манфиатҳои кишвар истифода бурда мешавад.

Бинобар он, бо мақсади таъмин намудани амнияти энергетикии кишвар дар марҳилаи гузариш ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар солҳои 2012-2016, пеш аз ҳама бо истифодаи оқилона аз захираҳои обию энергетикӣ ба роҳ мондани тавлиду интиқолу тақсимоти нерӯи барқ ва ҷорӣ кардани сиёсати самаранок дар бахши сарфаҷӯии энергия масъалаи муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

2) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо нерӯи барқ, яке аз соҳаҳои Комплекси сӯзишворию энергетикии мамлакат - соҳаи электроэнергетика нақши асосиро мебозад. Нерӯи барқ дар системаи энергетикӣ асосан аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқи обӣ - 98% ва боқимонда аз ҳисоби нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ- 2% истеҳсол карда мешавад, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолии нерӯи барқ аз захираҳои обӣ ва сӯзишвории воридотӣ вобаста буда, дар давоми 5 соли охир ба ҳисоби миёна 16,5 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад.

3) Рушд ва фаъолияти бонизоми системаи энергетикӣ, аз тарзи ҷараён гирифтани муносибатҳои мутақобилан судманди истифодабарандагон бо корхонаҳои таъминкунандаи нерӯи барқ, дар асоси андешидани чорабиниҳои амалӣ дар бахши самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия вобастагии калон дорад.

Норасогии нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ба 4 - 4,5 млрд. кВт.соат баробар буда, дар ҷумҳурӣ маҳдудияти истифодабарии он ҷорӣ карда мешавад. Дар мавсими тобистон бошад, ҷумҳурӣ метавонад бо чунин миқдор ва зиёда аз ин барқи иловагиро истеҳсол намояд ва инчунин ба содирот барорад.

4) Дар ҳолати паст қарор доштани сатҳи ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, нархномаи пасти тарифҳои амалкунанда, истифодабарии таҷҳизотҳои барқии энергияталаб, дастрас набудани манбаъҳои дигари сӯзишворӣ ба ҳолати пасти техникию иқтисодӣ, норасогии барқ ва талафоти аз меъёр зиёди технологӣ оварда мерасонад.

Дар мавсими зимистон ин омилҳо ва шиддатгирии мавсимии талабот ба нерӯи барқ, камшавии маҷрои дарёҳо ва коҳиш ёфтани истеҳсол дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ мушкилоти зиёдеро ба миён меорад. Дар ҳолати паст қарор доштани истихроҷи гази табиӣ, ангишт ва нафти ватанӣ, инчунин баланд рафтани нархи молу маҳсулоти энергетикие, ки аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, боиси зиёд шудани истифодабарии қувваи барқ аз тарафи тамоми гурӯҳҳои истифодабарандагон мегардад.

Қайд кардан лозим аст, ки новобаста аз ин омилҳо ва кӯҳнаю фарсуда будани воситаю таҷҳизотҳо, соҳаи электроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои мушкилтарин барои ҷумҳурӣ зарари молиявӣ бардошта, соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиро бо нерӯи барқи арзон таъмин намуда истодааст.

Дар баробари ин, тамоюли афзоиши шумораи истифодабарандагони нерӯи барқ нисбат ба иқтидорҳои истеҳсолӣ талаб менамояд, ки оид ба истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва амалӣ намудани нақшаю чорабиниҳо дар бахши сарфаҷӯи энергия, сиёсат ва стратегияи муайяни манфиатовар андешида шавад.

5) Дар марҳилаҳои татбиқи Барнома самтҳои фаъолияти соҳаи электроэнергетика барои таъмиру барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, сохтмони иқтидорҳои нав, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, амалисозии чорабиниҳо оид ба навсозии системаи баҳисобгирии нерӯи барқ, саросар гузаштан ба истифодаи воситаю таҷҳизотҳои каммасраф, паст кардани талафоти технологию тиҷоратии энергия, баланд бардоштани низоми пардохт, фароҳам овардани имтиёз ва ҳавасмандгардонии истифодабарандагони энергия, равона карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки камчинии молу маҳсулоти энергетикӣ ба таври воқеӣ дараҷаи рушди соҳаҳои иқтисодиёт, соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ, вазъи иҷтимоӣ, роҳ ёфтан ба илму дониш, таъмини оби тоза ва хизматрасонии тиббиро паст намуда, дар навбати худ истифодаи ғайрисамараноки ҷангал ва буттаҳо бошад, боиси сар задани фалокатҳои экологӣ мегардад. Бинобар он, дар амал татбиқ намудани нақшаю чорабиниҳои мушаххас дар ин самт зарур ва ҳатмӣ буда, афзалияти бештарро доро мебошад.

Чӣ тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 дастур дода буданд: «Мо минбаъд низ ҷиҳати расидан ба ҳадафи стратегии худ – ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар саъю талош хоҳем кард, то ин ки захираҳои гидроэнергетикии мамлакат ҳарчи бештар ба нафъи мардуми кишвар ва минтақа истифода бурда шаванд», бояд амалӣ гардонида шавад.

Аз ин лиҳоз, «Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2016» ҳуҷҷате мебошад, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» аз 24 апрели соли 2009 ва нақшаю чорабиниҳои стратегии рушди соҳаи энергетика мавриди амал қарор мегирад.

Дар асоси Барномаи мазкур амалисозии нақшаю чорабиниҳо оид ба истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва сарфаҷӯии энергия имконият медиҳад, ки то соли 2016 амнияти энергетикии кишвар таъмин гардида, барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор гузошта шавад.

2.Асосҳои ҳуқуқӣ ва молиявии барнома.

6) «Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2016» мувофиқи талаботҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, Консепсияи рушди соҳаҳои Комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009, Қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст. Асоси ҳуқуқии Барномаро ҳуҷҷатҳои зерин ташкил медиҳад:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» аз 29 ноябри соли 2000;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия» аз 10 майи соли 2002;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» аз 12 майи соли 2007;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» аз 7 январи соли 2010;

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002, № 318 «Дар бораи Консепсияи рушди соҳаҳои Комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015»

-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №280 «Дар бораи тасдиқ намудани чорабиниҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015»

-«Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2009-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009, №73 тасдиқ карда шудааст;

-Фармони Президенти Чумхурии Точикистон «Дар бораи тадбирхои иловагии истифодаи сарфачуёнаи энергия» аз 24 апрели соли 2009, №653.

7) Дар амал татбиқ намудани нақшаю чорабиниҳои Барнома сарчашмаи маблағгузориро талаб менамояд, ки он аз ҳисоби сармоягузории ватанию хориҷӣ муайян карда шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ ва асосноккунии техникию иктисодии лоиҳаҳо дар бахши самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия маблағгузории умумӣ барои амалисозии Барнома - 2 млрд. 933 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

8) Аз он ҷумла:

-сохтмон ва таъмиру барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқӣ – 2 462,38 млн. доллари ИМА;

-сохтмони зеристгоҳҳо ва ХИБ-и баландшиддат- 270,1 млн. долл. ИМА;

-кам кардани талафоти нерӯ бо роҳи насбу васли ҳисобкунакҳои электронӣ – 83 млн. доллари ИМА;

-навсозӣ ва ба роҳ мондани системаи мутамаркази назорати танзим ва баҳисобгирии нерӯи барқ - 21,6 млн. доллари ИМА;

-таъсиси корхонаи нав бо иқтидори истеҳсолии 1,2- 1,5 млн. адад лампаҳои каммасраф дар як сол – 1,5 млн. доллари ИМА.

3.Мақомотҳои роҳбарикунанда оид ба татбиқи Барнома.

9) Фармоишгари давлатии Барнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозу мақомоти роҳбарикунандаи Барнома – Шӯрои ҳамоҳангсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Амалӣ сохтани Барнома таҳти назорати Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад.

Иҷрокунандагони асосии Барнома:

-Вазорати энергетика ва саноат;

-Вазорати рушди иқтисод ва савдо;

-Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об;

-Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

10) Дар ҷараёни амалисозии Барнома ҳамаи қарордодҳое, ки аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ қабул мегардад, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

11) Ҳар сол Вазорати энергетика ва саноат якҷоя бо вазорту идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳанд.

4.Мақсади Барнома

12) Мақсади Барнома аз амалӣ намудани нақшаю чорабиниҳо оид ба самаранокӣ ва сарфаҷуии нерӯи барқ, паст кардани энергияталабии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар асоси заминаҳои ҳуқуқию молиявӣ, ташкилию техникӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

5.Вазифаҳои асосии Барнома

13) Вазифаҳои асосии Барнома аз самтҳои зерин иборат мебошад:

-– сохта ба истифода додани иқтидорҳои нав, таҷдиду навсозӣ ва таъмиру барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, бунёди инфрасохтори мувофиқ дар соҳаи электроэнергетика;

-сохтмони зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқи баландшиддат;

-ташкил намудани шакли нави системаи назорат ва танзими нерӯи барқ;

-ҷорӣ кардани системаи нави замонавии баҳисобгирии хароҷот ва таъмини ҳатмии пардохти маблағи истифодабарии нерӯи барқ;

- дар асоси ҷорӣ кардан ва пурра гузаштан ба технологияи каммасрафи замонавӣ, кам кардани энергияталабии хоси маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт;

-бо истифодаи васеъ аз воситаю таҷҳизот ва фурӯзонакҳои каммасраф сарфаҷӯӣ намудани нерӯи барқ;

-кам кардани талафоти технологии нерӯи барқ;

-ҷорӣ кардани ташхиси энергетикии субъектҳои хоҷагидор, сертификатсиякунонии энергияталабии маҳсулот ва системаи меъёрҳои нав оид ба хароҷоти нерӯи барқ, инчунин ба таври ҳатмӣ тамғагузорӣ ва сертификатсиякунонии асбобҳои барқии маишӣ;

-бо мақсади ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди маблағгузорӣ дар бахши самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия;

-гузоштани заминаи боэътимоди сармоягузорӣ барои рушди соҳаи электроэнергетика;

-истифодаи васеъ аз манбаъҳои барқароршаванда ва алтернативии энергия;

-фароҳам овардани имтиёзҳо барои истифодабарандагони потенсиалӣ, ҷиҳати ба роҳ мондани сарфаҷӯии нерӯи барқ дар тарзи хоҷагидорӣ;

-муҳайё намудан ва такмил додани системаҳои таълимию иттилоотӣ дар бахши сарфаҷӯии энергия;

- дар асоси хароҷотҳои воқеии истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ, давра ба давра баланд бардоштани тарифҳо барои ҳамаи гурӯҳи истифодабарандагон;

-татбиқи сиёсати сарфаҷӯёнаи энергия ҳангоми сохтани биноҳои нави маъмурию истиқоматӣ ва дар хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ ба роҳ мондани таҷдиди биноҳои мавҷуда;

-таъмини реҷаи муайяни кории манбаъҳои истеҳсоли барқ, тақсимоти дурусти бори системаи электроэнергетикӣ ва баланд бардоштани фаъолияти самараноки манбаъҳои истеҳсолкунанда;

-ташкили заминаи илмию техникӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ бобати сарфаҷӯии энергия;

-таъмиру барқарорсозии дегхона ва шабакаҳои мавҷудаи интиқоли гармӣ;

-сохта ба истифода додани дегҳои барқии автономӣ;

-тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ;

-фароҳам овардани шароит ва инфрасохтори мусоид барои содироти нерӯи барқ;

-паст кардани таъсирҳои зараровар ба муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологӣ.

6.Ҳолати воқеӣ ва талаботи имрӯзаи ҷумҳурӣ ба нерӯи барқ

14) Иқтидори умумии муайянкардашудаи системаи электроэнергетикии Чумҳурии Тоҷикистон ба 5070 МВт баробар буда, ҳиссаи нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ 320 МВт –ро (6,3%) ташкил медиҳад ва нерӯи барқ асосан аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.

Аз сабаби он, ки дар ҷумҳурӣ обанбори аз ҳама бузург «Норак» (10,5 км. мукааб) хусусияти танзими мавсимии обро дорад, дар мавсими тирамоҳу зимистон камчинии нерӯи барқ чӣ тавре, ки дар боло қайд гардида буд, ба миқдори 4 - 4,5 млрд.кВт.соат ба амал меояд. Сабаби дигари камчинии қувваи барқ пурра фаъолият накардани Марказҳои барқу гармидиҳии ш.Душанбе (198МВт) ва Ёвон (120МВт) дар мавсими тирамоҳу зимистон мебошад, ки аз кам гардидани воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мунтазам боло рафтани нархи молу маҳсулоти энергетикӣ вобаста мебошад.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter