ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

User Rating: / 0 Подробности Просмотров: 1449 Печать Email Масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва обу энергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз нукоти аслии мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Кристина Гутйерес, аъзои Парлумони Ит

 

Масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва обу энергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз нукоти аслии мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Кристина Гутйерес, аъзои Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва Патрисия Флор, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ буд.

Дар ин бора, аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд. Ин мулоқот дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷараён дорад, доир гардид.

Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо инчунин доир ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, хусусан доир ба натиҷаҳои ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо, ки 11-уми июли соли 2013 дар Брюссел барпо гардид, сўҳбат намуданд.

Зикр гардид, ки дар ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонииТоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо, масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима гардида, инчунин дар бораи таъсиси Гурӯҳи дӯстони Тоҷикистон дар Парлумони Аврупо мувофиқа ба даст омад.

Дар анҷоми дидор Ҳамрохон Зарифӣ ба намояндагони иттиҳоди Аврупо барои фаъол будан дар минтақа ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муфид ба Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter