ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон ба Узбакистон аз обанбори Қайроқум об медиҳад

 

Султон Раҳимов, муовини аввали вазири об ва мелиоратсияи Тоҷикистон рӯзи сешанбе зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки бо сабаби кам шудани об дар рӯди Сир, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба кишварҳои поёноб, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон аз обанбори Қайроқум об медиҳад.

Ҷаноби Раҳимов сабаби кам шудани об дар рӯди Сирро ба истифодаи он аз сӯи Қирғизистон барои тавлиди неруи барқ унвон кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир оби рӯди Норин, ки дар обанбори Токтагул захира мешавад, ба дарёи Сир кам мерезад.

Ин мақоми вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон гуфт, ки "мо ба додани об ба Узбакистон манфиатдорем, зеро заминҳои бархе аз ноҳияҳои вилояти Суғди Тоҷикистон низ аз оби канали Фарғона шодоб мегарданд."

Аммо Султон Раҳимов сабаби дигари иқдоми ҷониби Тоҷикистон ба Узбакистонро ба он рабт дод, ки "намехоҳанд то кишвари ҳамсоя камии об дар руди Сирро айби Тоҷикистон бидонад".

Чун ба таъкиди вай, дар ҳоле, ки бунёди неругоҳи обӣ - барқии Роғун, дар чанд соли ахир мухолифатҳоеро аз сӯи Узбакистон ба бор овардааст ва камии об дар руди Сир ба маънии "дастак" барои кишвари ҳамсоя нагардад.

Зимнан, Узбакистон яке аз далелҳои мухолифат барои бунёди неругоҳи Роғунро дар камшавии обёрии заминҳояш унвон мекунад.


Дастрасии 57 дар сади мардуми Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ

Вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон эълом кард, ки 57 дар сади мардуми ин кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Султон Раҳимов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "аз 57 дар сади мардуме, ки ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд, 90 дар сади он дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои марказӣ ба сар мебаранд".

Ба таъкиди муовини аввали вазири обу мелиоратсия, мушкили аслии дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар деҳот аст, зеро системаи лӯлаҳои обгузар дар ин манотиқ корношоям ва фарсуда шудаанд. Ин дар ҳоле, ки ин мақоми вазорати обу мелиоратсия мегӯяд, барои бозсози қубурҳои обгузар дар қаламрави кишвар то кунун 200 миллион доллар сарф шудааст.

Изҳори назари мақомоти вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон дар мавриди мизони дастрасии мардум ба оби ошомиданӣ дар ҳолестя, ки пештар дар пайи пажуҳиши Хадамоти коммуналии Тоҷикистон маълум шудааст, ки танҳо 48 дар сади аҳолии кишвар ба оби ошомидани дастрасӣ доранд. Ба ин тартиб аз ин пажуҳиш бар меояд, ки ҳар сокини дуввум дар Тоҷикистон ба оби тоза дастрасӣ надорад.

Ҳисобкунак

Flag Counter