ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Олими тоҷик дар бораи ба зилзила тобовар будани НБО Роғун

 

Ҷӯраев Раҳимҷон Усмонович - мудири озмоишгоҳи «Зилзилашиносии минтақавии» Институти геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва зилзилашиносии АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ихтисос - муҳандис-геолог. Аз соли 1976 бо тадқиқоти макросейсмикии (зоњирии заминљунбињои сат дар рўи замин) оқибатҳои заминҷунбиҳои сахт дар Тоҷикистон, тартиб додани феҳрасти заминларзаҳои намоён, ҷамъоварию системакунонии воқеаҳои заминҷунбии таърихӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ машғул аст. Вобаста ба ин мавзӯъ зиёда аз40 мақола дарҷ кардааст.

Савол: Баҳогузории шароити сейсмикии минтақаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ то кадом андоза муҳим аст?

Посух: Ҳангоми сохтмон ва ба истифода додани иншооти азими гидротехникӣ дар ноҳияҳои фаъоли сейсмикӣ байни маҷмуи тадқиқоти махсус, баҳодиҳии хавфи сейсмикӣ нақши муҳим мебозад. Шароити сейсмикии минтақаи сохтмон ва баҳодиҳии максималии имконпазирии заминҷунбӣ басо муҳим аст. Тоҷикистон аллакай таҷрибаи сохтмони саддҳои баландро дорад- ин НБО-и Норак аст, ки ҳангоми сохтмон ҳамаи хусусиятҳои зилзиланокӣ ба инобат гирифта шуданд. Дар натиҷаи мониторинги сейсмикӣ масъала ҳои ба зилзила тобовар будани мавзеи НБО-и Роғун пас аз пур шудани обанбор пурра омӯхта шуд. Аён шуд, ки заминларзаи руйдода дар ҳолати низоми илмӣ асосноккарда шудаи пур кардани обанбор, тибқи қоида, аз заминларзаҳои максималии имконпазир сахт намешавад. Ин ҳолат дар ноҳияи ба заминҷунбӣ тобовар ба ҳисоб гирифта шудааст. Ба зилзила тобоварии минтақаро бо каму зиёд кардани сатҳи обанбор ба танзим овардан мумкин аст.

Савол: Дар ин самт аҳволи лоиҳакашии сохтмони силсиланеругоҳҳо дар маҷрои миёна ва болооби водии дарёии Вахш, аз ҷумла НБО-и Роғун чи тавр аст?

Посух: Лоиҳаи аввали сохтмони НБО-и Роғун солҳои 1972-1978 аз ҷониби Институти лоиҳакашӣ ва илмию тадқиқотии «Средаз Гидропроект» ба номи Жук дар шаҳри Тошканд бо ҷалби беҳтарин мутахассисон тарҳрезӣ шуда буд. Табиист, ки он замон шароити сейсмикии минтақаи сохтмон ба назар гирифта шуда буд. Ҳангоми азнав тарҳкашии лоиҳаи мазкур аз ҷониби институти «Гидропроект»-и Маскав дар солҳои 2006-2009 хусусиятҳои зилзиланокӣ бори дигар баррасӣ гардид.

Барои таҳлили шароити сейсмикии минтақаи сохтмони НБО барои давраи тӯлонӣ маводи муфассал мавҷуд аст: Феҳрасти нави заминҷунбиҳои сахт дар қаламрави СССР (бахши Осиёи миёна ва Қазоқистон) аз давраи қадим то соли 1975, феҳрасти заминҷунбиҳо аз соли 1955 то соли 2013, феҳрасти зилзилаҳои намоён дар давраи солҳои аз 1941 то 2012, маълумоти муфассали макросейсмикӣ дар бораи заминҷунбиҳои сахт аз соли 1895 то имрӯз имкон медиҳад ба ҳолати сейсмикии ҳар ноҳияи Тоҷикистон боэътимод баҳо дода шавад. Бо ин маводҳо асосан мутахассисон сарукор доранд.

Савол: Боиси эчод шудани рисолаи шумо «Зоњирии макросейсмикии заминҷунбиҳои сахт дар минтақаи сохтмони НБО-и Роғун» дар чист?

Посух: Вақтхои охир дар ВАО ва сомонаҳои интернет вобаста ба баҳогузории шароити сейсмикии минтақаи сохтмони НБО Роғун андешаҳои мухталиф пайдо шудаанд.

Ҳангоми баҳогузории шароити сейсмикии иншооти сохтмон, дар якҷоягӣ бо маълумоти хусусияти заминҷунбиҳо, ба омӯзиши иттилооти макросейсмикӣ ва заминларзаҳои намоёни таърихӣ дар ин ноҳияҳо эътибори хоса дода мешавад. Бояд зикр намуд, ки ҳатто дар набудани сабтҳои инструменталӣ усули коркарди ахбори макросейсмикӣ имкон медиҳад ки бо эътимоди комил хусусиятҳои манбаи заминларза муайян карда шавад.

Мақолаи мазкур дар натиҷаи ҷамъ овардан ва тахияи маълумоти макросейсмики оиди заминларзаҳои сахт бо дигар хусусиятҳои зилзаланокӣ дар минтакаи сохтмони НБО Роғун ва таъсири заминҷунбиҳо иншо шудааст.

Маколаи мазкур ба тасвири мухтасари заминчунбиҳои сахти минтакаи сохтмони НБО Роғун бахшида шуда аст.

Муаллиф маълумоти сейсмики дар бораи заминларзаҳои қишрии давраи солҳои 1895-2012 дар наздикии минтақаи сохтмони НБО Роғун дар масофаи аз 100 то 150 километр руйдодаро чамъ оварда, хамчунин чунбишхои зеризаминии чукур ки маркази зилзила 200 километр дуртар ҷой гирифтааст.

Маводи мазкур имкон медиҳад, ки оид ба заминларзаҳои максималии минтакаи сохтмони НБО Роғун тасавуроти комил пайдо шавад.

Заминчунбии аз хама сахту вайронкунандаи Тоҷикистон бо М≥6.0 асосан ба вайронкунии тектоникии тарқиши Ҳисору Кокшол ва Иляку Вахш мансуб аст. Дар натиљаи тањлили маълумоти макросейсмикии заминљунбињое, ки дар масофаи аз 60 то 160км дуртар ба вуљуд омаданд, зоњирии онњо дар мавзеи омўзиш аз 6 балл зиёд набуд.

Дар асоси маълумотњои макросейсмикии давраи аз соли 1895 то 2012 ва Феҳрасти нави заминҷунбиҳои сахт дар қаламрави Иттифоќи шўравї (бахши Осиёи миёна ва Қазоқистон) аз давраи қадим то соли 1975 (зиёда аз 500 сол) дар рисола оварда шудааст, дида мешавад, ки дар наздикии мавзеи сохтмони НБО-и Роѓун заминљунбињое, ки ќувваи зоњирии онњо дар рўи замин аз 6-6.5 балл ва магнитудаашон М≥5.5 зиёд нашудаанд.

Заминљунбињои тагљої асосан ба тарќиши тектоникии Ионахш, ки аз наздикии мавзеи сохтмон мегузарад. алоќаманд мебошанд. Тарќиши мазкур аз рўи параметр ва хусусиятњои худ хосияти љамъ кардани ќувва барои заминљунбињои аз ин њам калонтар надорад. Алалхусус дар лоињаи сохтмони объекти мазкур ба 9 балл мутобиќ карда шудааст.

Ќайд кардан лозим аст, ки айни замон дар объекти сохтмон корњо вобаста ба ташкил намудани системаи њозиразамони мониторинги сейсмологї, деформатсионї ва геологї бо дарназардошти таљрибаи чунин тадќиќотњо дар сохтмони НБО-и Норак ба наќша гирифта шудааст.

Рисола дар њудуди программаи «Барќароркунии шабакаи сейсмикї ва таъмин намудани мониторинги сейсмологї, деформатсионї ва геологии мавзеи сохтмони НБО- Роѓун» дар ташкилоти ѓайридавлатии «PMPInternational» тайёр карда шудааст.

Дар навиштани рисола маълумотњо аз адабиёт ва маќолањои нашршуда, маълумотњои љамъкардаи муаллифи рисола дар рафти муоинаи заминљунбињои Тољикистон дар ваќи кор карданаш дар Институти сохтмони ба заминљунбї тобовар ва сейсмология (њоло Институти геология, сохтмони ба заминљунбї тобовар ва сейсмология), Саридораи геология назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Умури геофизики АФ ЉТ истифода карда шудааст.

Аз сомонаи «Avesta.Tj» санаи 22.05.2013

Ҳисобкунак

Flag Counter