ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОҒОЗИ КОНФРОНСИ ҶАҲОНИИ ОБ ДАР ДУШАНБЕ

 

Шуруъ аз имрӯз, 20-уми август дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 ба кори худ оғоз мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронс баромад намуда, ба кори он оғоз бахшид.

Конфронси мазкур аз 20 то 21-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии СММ таҳти № 65/154, ки муаллифаш Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, кори Конфронс аз ду ҷаласаи умумии сатҳи баланд ва чаҳор мизи гирд дар мавзуъҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об барои рушди инсонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об барои манфиатҳои иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об барои экосистемаҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи об барои оянда иборат хоҳад буд.

Интизор меравад, ки иштироккунандагони Конфронс авлавиятҳои асосиро дар мавриди ҳамкорӣ бобати ҳалли масъалаҳои обӣ муайян карда, тавсияҳоро дар бораи равишу афзорҳои муассири истифодаи захираҳои обии дарёву кӯлҳои фаромарзӣ, инчунин пайванди мутақобили ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар мавриди захираҳои обӣ таҳия хоҳанд намуд. Пешбинӣ шудааст, ки дар Конфронс санади ниҳоӣ низ қабул гардад.

Макони баргузории Конфронс бӯстонсарои ҳукуматии “Кохи Сомон” муайян шудааст.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter