ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқоти иттилоотӣ оид ба лоиҳаи CASA-1000

 

Душанбе, (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ мулоқоти иттилоотӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи рушди интиқоли нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000 баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони марказҳои таҳлилии мустақил, ассотсиатсияҳо, созмонҳои ҳуқуқии ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.

Тавре ки маълум аст, мақсад аз лоиҳаи CASA -1000 ин таҳияи механизми содироти нерӯи барқи зиёдатии дар фасли тобистон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мавҷудбуда ба Афғонистон ва Покистон мебошад. Ин лоиҳа барои табодули тақрибан 1000-1300 МВт нерӯи барқ дар минтақа имкон медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки масъалагузории омодасозии лоиҳа бо асосноккунии техникию иқтисодӣ ҳануз соли 2007 шуруъ шуда, аммо таҳияи воқеии он соли 2011 оғоз гардид. Он бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ такмил дода шуда, сентябри ҳамон сол ҷаласаи аввали Шӯрои байниҳукуматӣ дар шаҳри Бишкек баргузор гардид. Дар айни замон, АТИ омода гардида, ҳамчунин омӯзишҳои зиёде, мисли таъсир ба муҳити зист, таҳияи барномаи хизматрасонии иловагӣ барои аҳолӣ дар самти хатгузари нерӯи барқ, баҳодиҳӣ ва барномаи таъминоти бехатарии сохтмони хати нерӯи барқ амалӣ гардидааст. Вобаста ба лоиҳа котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ вуҷуд дошта, гуруҳҳои кории кишварҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳои марбут ба лоиҳа тибқи нақшаҳо мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter