ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баррасии арзёбиҳои пешакии лоиҳаи CASA-1000 дар Тоҷикистон

 

Аввали моҳи декабр дар шаҳрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон вохӯриҳои машваратӣ доир ба баррасии арзёбии пешакии лоиҳаи CASA-1000 (Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) баргузор мешаванд.

Ин вохӯриҳо аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо дастгирии филиали тоҷикистонии Маркази минтақавии экологӣ ва ТҒД «Кӯҳистон» созмон дода мешаванд.

Дар вохӯриҳои мазкур аз ҷумла баррасии ҳисоботи пешакии Арзёбии минтақавии экологӣ, ҳисоботи арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва Лоиҳаи санад оид ба сиёсати кӯчонидани аҳолӣ дар назар аст, ки барои лоиҳаи пешниҳодшудаи CASA-1000 омода шудаанд.

Машваратҳои мазкур рӯзи 4-уми декабр дар шаҳри Душанбе, 6-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд ва 9-уми декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегарданд. Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ то 12-уми декабр назару шарҳҳо оид ба ин масъаларо низ қабул хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли оянда интизорӣ рафта, анҷоми он соли 2017 дар назар аст.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter