ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЛОИҲАИ CASA-1000 ДАР ВАШИНГТОН ИМЗО ШУД

 

Лоиҳаи хатти интиқоли CASA-1000 аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон дар Вашингтони ИМА имрӯз 19-уми феврал ба имзо расид.

Мувофиқи ин Созишнома, ки зери назорати Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон баргузор мегардад, Тоҷикистону Қирғизистон ӯҳдадор шудаанд, ки тариқи қаламрави Афғонистон ба Покистон ҳамасола 700 мегаватт нерӯи барқро интиқол диҳанд.

Ёдрас мешавем, ки 11-уми феврал дар Вашингтон гуфтушунидҳо оид ба масоили маблағгузорӣ ва нархи энержии барқӣ дар доираи лоиҳаи ташкили бозори фурӯши барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) оғоз шуда буд.

Ин лоиҳа Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро дар бар мегирад. Намояндагони кишварҳои ширкаткунандаи лоиҳа, Бонки умуиҷаҳонӣ, Бонки рушди исломӣ ва дигар маблағгузорони эҳтимолӣ муҳимтарин масъала-сармоягузории онро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Тоҷикистон қасд дорад дар доираи ин лоиҳа як муоҳадаи 135 миллион доллараро бо мақсади татбиқи лоиҳа дар кишвар имзо кунад.

Усмоналӣ Усмонов, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон гуфта буд, ки Бонки исломии рушд ва Хазинаи кувейтии тараққиёт хостори маблағгузории бахши Тоҷикистонии лоиҳа шуданд.

Бонки исломии рушд эҳтимол меравад 70 миллион доллар ва Хазинаи кувейтии тараққиёт 65 миллион ҷудо кунанд.

Ҳиссаи худи Тоҷикистон дар ин лоиҳа 15 миллион доллар таъин шудааст. Тибқи ҳисоботи пешакӣ бахши Тоҷикистонии лоиҳа ба 220 миллион доллар сармоягузорӣ ниёз дорад.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter