ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОЯНДАИ БОЗОРИ ЭНЕРЖИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР МУАРРИФИИ АСЛОВ

 

Маҷаллаи Паймони нерӯ “Knowledge Centre Review”, Brussels бо номи “Дурнамои Бозори минтақавии Осиёи Марказӣ - Осиёи Ҷанубӣ (CASAREM)” мақолаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро интишор дод, ки дар он аз ояндаи бозори энержии минтақа муаррифӣ шудааст.

Муаллиф менависад, ки рушди бозори минтақавии энержии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) чун рушди зина ба зинаи механизмҳои институтсионалӣ ва инфраструктурие тасаввур мешавад, ки захираҳои энержии Осиёи Марказиро бо камбуди энержӣ ва талаботи энержӣ дар Осиёи Ҷанубӣ пайванд диҳад.

Лоиҳаи пешниҳодшудаи CASA-1000 имкон хоҳад дод бори аввал тиҷорат аз 1300 мегаватт энержии барқӣ аз Осиёи Марказӣ ба кишварҳои ҷанубу осиёии Афғонистон ва Покистон аз ҳисоби захираҳои мавҷудаи энержӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи тобистон оғоз карда шавад.

Бино ба навиштаи сарвари идораи дипломатии Тоҷикистон тарҳи пешниҳодӣ бунёди тахминан 750 километр хати баландшиддати интиқоли ҷараёни доимӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон аз тариқи Афғонистон, сохтани подстансия дар Кобул барои таъмини пойтахти Афғонистон бо неруи барқ ва чанд чизи муҳими дигарро дар бар мегирад.

Интизор меравад, ки лоиҳа барои кишварҳои ширкаткунандаи тарҳ як силсила манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ бахшад. Аз ҷумла, фоидаҳое чун коҳиши камбуди энержӣ, беҳбуди кори тиҷорат, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва ғайра. Бонки умумиҷаҳонӣ ба кишварҳои узв барои роҳандозии таҳлилҳои иқтисодӣ ва экологӣ мусоидат хоҳад кард.

Муаллифи мақола таъкид мекунад, ки тибқи арзёбии минтақавии экологӣ, ки моҳи ноябри соли 2013 чоп шудааст, лоиҳа танҳо энержии мавҷударо истифода мебарад ва тағйирот дар иқтидори иловагии истеҳсолиро пешбинӣ намекунад.

Тарҳи CASA-1000 ягон тағйирот дар низоми мавҷудаи истифодаро дар назар надорад ва ҳамзамон ба идораи захираҳои энержӣ ва ё механизмҳои амалиётии кишварҳои ширкаткунанда таъсир намерасонад. Ҳама таҳқиқоти вобаста ба лоиҳа гузаронидашуда дар дастрасии васеъ ва ошкор қарор дорад ва дар сомонаи Бонки умумиҷаҳонӣ гузошта шудааст.

Баъдан муаллифи мақола ёдовар мешавад, ки барои татбиқи лоиҳаи мазкур Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон муоҳадаи байнидавлатӣ ба имзо расондаанд ва Шўрои байниҳукуматӣ бо Котиботи он дар шаҳри Олматии Қазоқистион созмон доданд.

Бо буҷаи тахминан 1 миллиард доллари ИМА ин кишварҳо ба қароре омаданд, ки тарҳи CASA-1000-ро чун лоиҳаи дорои аҳамияти давлатӣ амалан татбиқ созанд.

Вазири умумри хориҷии Тоҷикистон менависад, ки лова ба он ки ин чор кишвар уҳдадории бунёди тарҳро ба зима гирифтанд, боз Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Исломӣ пуштибонии молиявӣ хоҳанд кард. Илова бар ин эҳтимол меравад ба ин Ожонсии байналмилалии рушди ИМА (USAID), Вазорати ҳамкориҳои байналмилалии Британияи Кабир (DFID), ожонсии австралиягии рушди байналмилалӣ (AusAID) пайванданд.

Ҳисобкунак

Flag Counter