ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СУХАНРОНИИ Э.РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ОҒОЗИ БУНЁДИ ХАТТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ «ҚАЙРОҚҚУМ – АШТ»

 

04.04.2014, шаҳри Қайроққум

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки дар аксари мулоқоту вохӯриҳои худ бо мардуми кишвар ва суханрониҳоям, аз ҷумла дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр карда будам, тавассути татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ноил шудан ба се ҳадафи стратегӣ таъмин намудани зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳадафи асосии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Таҳаввулоту пешравиҳои назаррасе, ки имрӯз дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд ба назар мерасанд, натиҷаи ҳамин кӯшишу талошҳои мо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои некамон ба шумор меравад, ки бо дастгирии самимонаи мардуми шарифи кишвар ва заҳмати содиқонаву софдилонаи халқамон ба даст омадаанд.

Яке аз самтҳои асосие, ки дар марҳалаи кунунӣ барои татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои миллӣ нақши калидӣ дорад, рушди босуръати соҳаи энергетикаи мамлакат мебошад.

Зеро таъмин намудани пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа, таъмини рушди устувору босуботи иқтисоди миллӣ, яъне таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат бидуни тараққӣ додани соҳаи энергетика ғайриимкон аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, сохтмони зеристгоҳҳо ва кашидани хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, инчунин таҷдиду азнавсозии иншооти соҳаи энергетикаро, ки даҳсолаҳо хизмат кардаанд, торафт вусъат дода истодаем.

Қобили зикр аст, ки бунёди хатти интиқоли барқи 500 - киловолтаи «Ҷануб - Шимол» ба хеле беҳтар шудани вазъи иқтисодии вилояти Суғд ва шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, дар натиҷаи бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим кишварамон дорои шабакаи ягонаи энергетикӣ гардид.

Дар робита ба ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки корҳои таъмиру таҷдид ва бунёди иншооти энергетикии ба нақша гирифташударо дар шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат идома дода, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои ҷойдоштаи соҳа тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Имрӯз ҳамаи мо ба муносибати оғози сохтмони боз як иншооти муҳимми энергетикӣ - хатти интиқоли барқи 220 - киловолтаи «Қайроққум – Ашт» қарор дорем, ки бо мақсади таъмин намудани яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзии вилояти Суғд, яъне ноҳияи Ашт бо нерӯи барқ анҷом дода мешавад.

Баробари ба анҷом расидани лоиҳа зеристгоҳи барқии Ашт фаъол гардида, ноҳия ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст мешавад ва пойгоҳҳои обтаъминкунӣ, инчунин аҳолии ноҳия бо нерӯи барқ таъмин хоҳанд шуд.

Пудратчии бунёди лоиҳаи мазкур яке аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ҳиндустон буда, барои иҷрои он Ҳукумати кишвар дар ҳаҷми қариб 65 миллион сомонӣ гранти Бонки Рушди Осиёро ҷалб кардааст.

Бо истифода аз фурсат ба сармоягузорон ва кулли кормандону мутахассисони кишвари ба мо дӯсти Ҳиндустон, инчунин бинокорону мутахассисони ватанӣ барои бунёди ин иншооти муҳим барори кор орзу намуда, итминон дорам, ки маросими ифтитоҳи он тибқи нақшаи тасдиқшуда моҳи сентябри соли 2015, яъне дар арафаи ҷашни солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дӯстони азиз!

Шабакаи энергетикии вилояти Суғд яке аз бахшҳои калонтарини шабакаҳои энергетикии мамлакат маҳсуб шуда, аз 6 шабакаи барқии минтақавӣ, 18 шабакаи барқии шаҳру ноҳияҳо, нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ва зеристгоҳи 500 - киловолтаи «Суғд» иборат мебошад.

Чунонки таъкид намудам, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон буда, дар ин самт то ба ҳол дар қаламрави вилояти Суғд корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Барои рушди энергетикаи вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ то имрӯз дар маҷмӯъ қариб 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

Илова бар ин, дар доираи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар соҳаи энергетикаи вилоят боз дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ корҳо иҷро шуда истодаанд.

Ҳоло аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва Ширкати «Барқи Тоҷик» дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Конибодому Мастчоҳ ва Зафаробод низ корҳои сохтмон ва таҷдиди хатҳои интиқоли барқ идома доранд.

Инчунин дар 5 соли охир барои таъмиру барқарорсозии нерӯгоҳи «Қайроққум» қариб 10 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, бо мақсади таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ таҳия ва тасдиқ шудааст.

Тавассути маблағгузории Бонки Рушди Осиё корҳои асосноксозии техникиву иқтисодии лоиҳаи аввал - «Таҷдиди дастгоҳи кушоди тақсимкунандаи барқи нерӯгоҳи Қайроққум» ба анҷом расида, ширкатҳои «Алстом» ва «Генсер»-и Ҷумҳурии Туркия ба ҳайси пудратчӣ муайян гардидаанд ва алҳол корҳои лоиҳакашӣ ҷараён доранд.

Лоиҳаи дуюм «Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум» мебошад, ки асосноксозии техникиву иқтисодии он бо маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ гардидааст.

Тибқи санадҳои таҳияшуда таҷдиди пурраи нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» маблағи умумии беш аз 1 миллиард сомониро (қариб 160 миллион евро) ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳа пурра иваз намудани тамоми таҷҳизоти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла иваз намудани ҳамаи 6 турбина ва генераторҳо, трансформаторҳо, системаи идоракунии нерӯгоҳ, таҷдиди сарбанд ва дигар таҷҳизот ба нақша гирифта шудааст. Пас аз таҷдиду азнавсозӣ иқтидори нерӯгоҳи “Қайроққум” боз 50 мегаватт меафзояд.

Илова бар ин, мувофиқи «Барномаи дарозмуддати давлатии бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2009-2020» дар қаламрави вилоят дар се марҳала бунёд намудани даҳҳо нерӯгоҳи хурд ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ, инчунин бо истифода аз имкониятҳои соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати амалисозии нақшаҳои пешбинишуда чораҷӯӣ намоянд.

Итминон дорам, ки бо амалӣ шудани лоиҳаву нақшаҳои зикршуда иқтидори энергетикии вилояти Суғд хеле афзуда, таъминоти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва сокинони шаҳру ноҳияҳо бо нерӯи барқ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Ҳукумати кишвар азм дорад, ки барои дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва пурра қонеъ намудани талаботи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ бо барқ сохтмони як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимми энергетикиро вусъат бахшида, бо ин мақсад тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо сафарбар намояд.

Дар баробари ин, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоату маҳаллахонаҳо ва фаъолонро вазифадор месозам, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ҷамъоварии саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам ба роҳ монанд.

Мардум бояд дар хотир дошта бошанд, ки шабакаҳои барқӣ бидуни пардохти пурраи ҳаққи барқ аз ҷониби истеъмолкунандагон ба таври муназзам фаъолият карда наметавонанд.

Ҳамчунин воридоти технология ва воситаҳои техникии каммасраф ҳам барои истеҳсолот ва ҳам барои истифодаи ҳаррӯзаи аҳолӣ, ҳангоми лоиҳакашии иншооти гуногун ҳатман ба назар гирифтани насби таҷҳизоти барқии каммасраф талаби ҷиддии замона мебошад.

Ҳозирини арҷманд!

Бо истифода аз фурсат, яъне ширкати фаъолон ва намояндагони аҳолии шаҳри Қайроққум ва ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров дар чорабинии имрӯза мехоҳам таъкид намоям, ки дар баробари идома додани корҳои созандагӣ дар дигар соҳаҳои иқтисодӣ мо бояд ҳар як рӯзи мусоиди баҳориро барои вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ сарф кунем.

Зеро борҳо таъкид кардаам ва такроран хотирнишон месозам, ки истифодаи самараноку оқилонаи обу замин ва тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мебошад.

Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар як рӯзи офтобиро ғанимат дониста, ба масъалаи вусъат додани киштукори баҳорӣ, аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, истифодаи тухмиҳои аълосифат ва таъмини саривақтии нақшаи кишти зироатҳо, ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обрасонӣ, тайёрии корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, инчунин ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва дигар корҳои ободонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Илова бар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Истиқлол ва Қайроққум супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон, пеш аз ҳама соҳибкороне, ки бо истеҳсоли молу маҳсулот машғуланд, ташкили корхонаҳои нав, истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда ва ба ин восита ташкил кардани ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Бори дигар таъкид месозам, ки истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, бунёди боғу токзорҳои нав, тозаву озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо, таъмин намудани фаъолияти доимии муассисаҳои фарҳангиву майдонҳои варзишӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини рӯз мебошанд.

Инчунин риояи ҳатмии муқаррароти қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ кардани исрофкорӣ ва хароҷоти зиёдатӣ, таълиму тарбияи ҷавонону наврасон аз ҷумлаи масъалаҳои ҳаррӯзаву аввалиндараҷаи фаъолони шаҳру ноҳияҳо, корхонаву муассисаҳо ва умуман аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Тавре ки мушоҳида мешавад, солҳои охир ҳодисаҳои ба ҳаракату равияҳои бегонаи экстремистӣ гаравидани ҷавонон ва ҳатто ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудани онҳо аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ашт, Бобоҷон Ғафуров афзоиш ёфта истодааст.

Вобаста ба ин, махсус таъкид менамоям, ки тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва анъанаву суннатҳои неки миллӣ, инчунин оштинопазирӣ нисбат ба расму ойинҳо ва равияҳои бегонаву хатарнок вазифаи ҷонии ҳамаи роҳбарону фаъолон, падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиё ва ҳар як шахсе мебошад, ки тақдири ояндаи Ватан, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва рӯзгори осудаи мардум барояш азиз аст.

Ҳамватанони гиромӣ!

Соли равон низ барои мардуми кишварамон соли таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Имсол мо 20 – умин солгарди қабули бахтномаи халқамон - Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва бистсолагии қабули Суруди миллиамонро таҷлил менамоем.

Инчунин барои мардуми илму адабпарвар ва фарҳангиамон соли 2014-ум Соли бузургдошти яке аз фарзандони фарзонаи миллат Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.

Ин санаҳои бузург барои халқу давлати мо аҳамияти сарнавиштсози милливу таърихӣ доранд.

Боиси хушҳоливу қаноатмандист, ки сокинони ватандӯсту шарафманди вилояти Суғд чун ҳарвақта бо иқдому ташаббусҳои неку созанда ба истиқболи ин чорабиниҳои муҳим аз имрӯз омодагӣ мегиранд.

Дар ин раванд бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки ободии Ватан аз ободсозии як гӯшаи диёр, кӯча ва хонаву кошонаи ҳар фарди Ватан оғоз меёбад.

Иқдоми неке, ки имрӯз ба амалишавии он ҳусни оғоз бахшидем, бо ҳамин ният, яъне ба хотири ободии ҳарчи бештари Ватани азизамон ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сурат мегирад.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори соли нави аҷдодӣ, яъне Наврӯзи ҷаҳонӣ самимона табрик гуфта, барои мардуми вилояти Суғд, бахусус сокинони ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Қайроққум дастовардҳои шоиста, рӯзгори хушу осуда ва хонаи обод орзу менамоям.

Доимо саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Ҳисобкунак

Flag Counter