ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БРО ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА ЛОИҲАИ ТАҶДИДИ НБО «САРБАНД»-РО ИМЗО КАРД

 

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯз байни Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё (БРО) Ёддошти тафоҳум оид ба лоиҳаи таҷдиди НБО «Сарбанд» дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Тавре ки дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика хабар доданд, иқтидори умумии НБО «Сарбанд» 240 МВт буда, ин дуюмин НБО-и калонтарин баъд аз НБО-и «Қайроққум» ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноат, ШСХК «Барқи тоҷик» ва БРО таҳия гардида ва аввалин НБО дар кишвар бо технологияи ҷадид мебошад, афзуд манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, баъди ба истифода додани НБО-и мазкур иқтидори он ба 252 МВт расида, он метавонад дар як сол 1,13 млн кВт/соат нерӯи барқ тавлид намояд.

Ҳисобкунак

Flag Counter