ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИИ 2-ЮМИ ГАРМИДИҲИИ ДУШАНБЕ
Навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2-юми шаҳри
Душанбе бо иқтидори 50 мегаватт
дар тирамоҳи соли равон ба кор андохта мешавад.
Ин нукта имрӯз дар натиљагарии машварати корӣ дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба вусъати сохтмони Маркази барқу гармидиҳии 2-юми дар шаҳри Душанбе садо дод.
Бино ба иттилои расмӣ, дар ин машварат ҳамчунин таъкид гардидааст, ки сохтмони ин иншооти зарурӣ дар айни замон мувофиқи нақша идома дошта, қарор аст навбати аввали он бо иқтидори 50 мегаватт тирамоҳи соли равон ба кор андохта шавад.
Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулони соҳаро вазифадор кардааст, ки барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ тадбирҳои аввалиндараҷа андешида, корҳои омодагиро барои сохтмони нуқтаҳои гармидиҳӣ, хаттҳои интиқоли гармӣ, зеристгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасони марказу барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе вусъат бахшанд.
Дар машварат ҳамзамон масоили таъмин ва захираи ангиштсанг дар Маркази барқу гармидиҳии 2 ва дегхонаҳои шарқию ғарбии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.