ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НБО «НОРАК» ва маркази кушоди тақсимкунандаи барқи 500 кВт

 

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фаъолияти НБО «Норак» ва ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдиди маркази кушоди дастгоҳҳои тақсимкунандаи барқи 500 кВт шинос шуд.

Тавре ки маълум шуд, НБО-и «Норак» бо назардошти сатҳи мавҷудаи об фаъолият дошта як қисм агрегатҳои он ба таъмири ҷорӣ фаро гирифта шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар айни замон дар маҳали фаъолияти неругоҳ сохтмони маркази кушоди тақсимкунандаи барқи 500 кВт идома дошта, беш аз 50 фисади корҳои сохтмонии бинои асосӣ барои дастгоҳҳои қабулкунанда ва тақсимкунандаи барқ аллакай анҷом дода шудаанд.

Сарвазири мамлакат ба масъулини соҳа ҷиҳати таъмини фаъолияти бенуқсони неругоҳ, таъмири хушсифати агрегатҳои он, беҳдошти шароити корӣ ва таъмини саривақтии музди маоши кормандони ин иншооти муҳим дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонии лоиҳаи таҷдиди маркази кушоди дастгоҳҳои тақсимкунандаи барқи 500 кВт вазифадор гардиданд.

Қоҳир Расулзода дар ҷараёни сафар бо фаъолияти коргоҳи дар шаҳри Норак мавҷудбуда- Корхонаи «Тоҷикгидромонтаж» ва Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Корхонаи таҷрибавӣ-механикӣ» шинос шуд.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter