ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НБО НОРАК ТАЪМИР МЕШАВАД

 

Душанбе, (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- ҶСХК «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Турбоатом» ба манзури таъмиру барқарорсозии НБО Норак Созишномаи оид ба тавлиди қисмҳои эҳтиётии ғалақаҳои неругоҳ ба маблағи 1 миллиарду 973 миллиону 708 ҳазор доллари Амрикоро имзо намуданд. Мувофиқи шартномаи мазкур, ҳамаи қисмҳои эҳтиётӣ харидорӣ ва ба НБО Норак оварда шуданд, - гуфт дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2013 муовини аввали раиси ҶСХК «Барқи тоҷик» Мирзо Иброҳимов.

Аслӣ Назаров ҳамчунин зикр намуд, ки ҶСХК «Барқи тоҷик» ва ширкати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спетсэнерго» - и Украина қарордодро дар мавриди таъмири асосии неругоҳи Норак ба маблағи қариб 883 ҳазор доллари ИМА имзо намуданд. Ғайр аз ин созишномаҳо бо корхонаи «Электротяжмаш» - и Украина ва корхонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Силовые машины» - и Русия барои иваз намудани таҷҳизот ва таъмири НБО Норак имзо шудаанд.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter