ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НБО «САНГТӮДА -1» РАСМАН МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

 

Душанбе, .2014. (АМИТ «Ховар»).- 27 феврал дар шаҳри Душанбе санади Комиссияи давлатии қабул дар бораи расман мавриди истифода қарор гирифтани НБО «Сангтӯда -1» бо иқтидори 670 мегаватт имзо гардид.

Тавре ки аз хадамоти матбуоти ҶСК НБО «Сангтӯда -1» хабар доданд, санадро ҳамраисони Комиссия аз ҷониби Русия раиси Раёсати ҶСК «Интер РАО» Борис Ковалчук ва аз ҷониби Тоҷикистон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов имзо намуданд.

Комиссияи давлатӣ иборат аз намояндагони фармоишгар - ҶСК НБО «Сангтӯда -1» ташкилотҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва васлгарӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, санитарӣ, ҳифзи табиат ва ғайра ба хулоса омаданд, ки иншоотҳо мутобиқи лоиҳа бунёд гардида, ҷавобгӯи меъёру қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, геологӣ, сохтмонӣ ва стандартҳои давлатӣ мебошанд.

«Сохтмони НБО «Сангтӯда -1» мисоли равшани ҳамкории судманди байни Федератсияи Русия Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бап туфайли ҳамфикрию мушорикати ҳамаи иштирокдорони лоиҳа сохтмони иншоот муваффақона анҷом ёфта ва расман мавриди истифода қарор гирифт.

Энергетика соҳаи асосии иқтисодиёт ба шумор рафта, татбиқи лоиҳаю барномаҳои ҳаҷман калони иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди муваффақонаи кишвар бидуни он имконнопазираст. Мутмаинам, ки НБО «Сангтӯда -1» минбаъд ҳам ниҳоди муҳими системаи энергетикии Тоҷикистон гардида, шароити таъмини муттасили неруи барқро фароҳам меорад», - гуфт раиси раёсати ҶСК «Иентер РАО» Борис Ковалчук.

«НБО «Сангтӯда -1» аз соли 2008 инҷониб неруи барқро ба системаи энергетикии Чумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, қариб 15 фоизи тавлиди неруи барқи кишварро таъмин мекунад. Барқи НБО «Сангтӯда -1» на фақат захираи ҷиддии рушди саноат ва кишоварзӣ ба шумор меравад, балки, дар навбати аввал маъвои мардуми Тоҷикистонро бо гармию нури худ таъмин месозад.

Расман мавриди истифода қарор гирифтани НБО «Сангтӯда -1» воқеаи муҳим ва боз як қадами наве дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аст», - гуфт Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов.

Ҳисобкунак

Flag Counter