ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НБО-И «САРБАНД» ТАҶДИД МЕГАРДАД

 

Душанбе, 19.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Неругоҳи барқи обии Сарбанд, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон таҷдид мегардад. Дар робита ба ин 19 март палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд /БОР/ оид ба Лоиҳаи «Барқаросозии Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт»-ро баррасӣ ва ба тасвиб расонд.

Масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумони мамлакат Ҷамолиддин Нуралиев-муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ ва Шарофиддин Сироҷов - вакили Маҷлиси намояндагон шарҳу эзоҳ доданд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур таъмини боэътимоди сифатнокии мунтазами нерӯи барқ дар як силсила маҳаллаҳои аҳолинишини дурдасти кишвар, инчунин аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикӣ барои зарурияти бахши кишоварзӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Бо татбиқ намудани лоиҳаи мазкур иқтидори нерӯгоҳи «Сарбанд « ба 252 МВТ расонида шуда, сатҳи хизматрасонии он баланд мегардад. Ҳаҷми умумии арзиши лоиҳа 170 миллион $ буда, аз он 136 миллион $ гранти БОР ва саҳми Ширкати саҳҳомии ходдингии «Барқи Тоҷик» 34 миллион $ -ро ташкил медиҳад. Инчунин Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ки Вазорати молияи кишвар Созишномаи зерқарзиро бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои грантӣ ва сифатнок анҷом додани корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур ба имзо мерасонад, ки ин масъулиятнокии мутахассисони соҳаро зиёд намуда, бобати шаффоф истифода намудани маблағҳои грантӣ мусоидат хоҳад кард.

Зикр шуд, ки дар натиҷаи беш аз 40 сол истифода намудани неругоҳи «Сарбанд» қисмати зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии он ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи нерӯгоҳ фарсуда шудааст. Бинобар аз сабаби аз кор мондани низоми назорат ва танзими баландшавии об солҳои 1993-1994 яке аз агрегатҳои неругоҳ қисман зери об монда буд. Зимнан дар ҳолати таъҷилан партофтани об аз нерӯгоҳҳое, ки дар болооб ҷойгиранд, неругоҳи «Сарбанд»-ро хатари зери об мондан таҳдид мекунад. Агар таъҷилан корҳои навсозӣ ба роҳ монда нашаванд, тахминан баъди 5 соли дигар агрегатҳои неругоҳ пурра корношоям гардида, неругоҳ аз фаъолият боз мемонад. Агрегати рақами 4 -и неругоҳ дар солҳои 2011-2012 аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки Исломии Рушд /БИР/ дар ҳаҷми 14 миллион $ иваз карда шуд, ки дар натиҷа иқтидори агрегати мазкур аз 40 МВт ба 45 МВт расонида шуд.

Муовини аввали вазири молия афзуд, ки ҳолати мазкур ва аҳамияти стратегии ин неругоҳро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 барои пурра барқарор намудани иншооти мазкур ба БОР муроҷиат намуд.

Шодӣ Шабдолов - вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни муҳокимаи санади мазкур гуфт, ки мо ин лоиҳаро дастгирӣ менамоем. Ва бояд дар бахши энергетикии кишвар маблағҳои грантиро самаранок истифода намоем, зеро он ба татбиқи ислоҳоти энергетикӣ дар кишвар, бахусус таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Ҷамолиддин Нуралиев- эроди вакили Парлумонро дуруст шуморида, афзуд, ки ин вазифаи вазорати молия аст. Дар ин самт муовини аввали вазири молия вакили Парлумонро мутмаин сохт, ки ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур механизми шаффоф -Созишномаи зерқарзӣ ба имзо мерасад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки назорати мо аз болои истифодаи маблағҳои грантӣ зиёд гардида, мақсаднок истифода намудани маблағҳои грантиро пурра зери назорат гирем.

Дар ин росто Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки интизор аст бо таҷдиди НБО-и «Сарбанд» иқтидори он 6 маротиба зиёд гардида, баъди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Сангтӯда» ва «Бойғозӣ» аз лиҳози иқтидор чорумин неругоҳ дар кишвар гардад.

Ҳисобкунак

Flag Counter