ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маркази барқу гармии Душанбе
МБГ Душанбе соли 1957 бо мақсади таъмин намудани комбинати бофандагии шаҳри Душанбе бо нерӯи барқу гармӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар он ду турбоагрегати иқтидори умумиашон 12 ҳазор кВТ насб карда шуда буданд.
Соли 1962 бинобар сабаби зиёд шудани талабот ба нерӯи барқу гармӣ боз ду турбоагрегати иқтидорашон 35 ҳазор кВТ-ро насб карданд. Боз соли 1964-турбоагрегати иқтидораш 60 ҳазор кВт ва соли 1965 турбоагрегати иқтидораш 100 ҳазор кВт насб карда шуданд.
Истеҳсоли нерӯи барқ ваг армии МБГ дар солҳои охир ба 119,1 млн. кВт. Соат ва 312,9 ҳазор Гкал мебошад.