ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ТОҶИКИСТОН 305 НБО-И ХУРД ФАЪОЛ АСТ
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар кишвар се нерўгоҳи хурди барқи обӣ ба истифода дода шуда, дар маҷмуъ шумори нерӯгоҳҳои хурд ба 305 адад расид.
Ин нуктаро муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов иттилоъ дода, афзуд, ки ин нерўгоҳҳои хурд дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 11,7 млн. кВт/ соат нерўи барқ истеҳсол кардаанд ва он дар минтақаҳои дурдасти аҳолинишин истифода бурда шудааст.
Пӯлод Муҳиддинов ҳамчунин афзуд, ки имрўзҳо дар кишвар сохтмони 14 адад нерўгоҳи хурди барқи обӣ идома дорад.