ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФОРУМИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН ОИД БА ЭНЕРГЕТИКА

 

ДУШАНБЕ, 12 СЕНТЯБР. (АМИТ «ХОВАР» ФАРЗОНА АШӮРМАДОВА).- ИМРӮЗ, 12-УМИ СЕНТЯБР ДАР БӮСТОНСАРОИ «ПУҒУЗ»-И НОҲИЯИ ВАРЗОБ ФОРУМИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН ОИД БА ЭНЕРГЕТИКА БАРГУЗОР МЕШАВАД.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, дар кори Форум мутахассисони соҳаи энергетика аз ҳарду кишвар иштирок карда, оид ба истеҳсол ва коркарди энергетика дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ҳардуҷонибро баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 11-уми сентябр ҳайати Олмон таҳти роҳбарии сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Ҳолгер Грен бо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ҳамкориҳои ҳарду кишварро дар самти гидроэнергетика баррасӣ намуданд.

Ҳисобкунак

Flag Counter