ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ширкати амрикоӣ технологияи нави истеҳсоли нерӯи барқро муаррифӣ намуд

 

Бо даъвати Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати «Атрескон» аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар идораи Гурӯҳ маросими муаррифии технологияи нави истеҳсоли нерӯи барқро доир намуд.

Намояндаи ширкати «Атрескон» қайд намуд, ки дар ИМА, ва дигар кишварҳои дунё энергетикаи алтернативӣ рушд меёбад ва дар ин самт шахсони дигар низ саҳмгузорӣ кардан мехоҳанд.. Ин технологияи нав дар заминаи принсипҳои гидроэнергетикаи классикӣ ташаккул ёфтааст. Фарқ дар он аст, ки фишор ба қанотҳои турбина дар шакли сунъӣ сурат мегирад. Барои ин Генератори Кинетикии Энергияи Моеъ тарҳрезӣ шудааст, ки нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Маълумоти муфассал дар сомонаи http://www.atrescon.com/

Бино ба ақидаи роҳбари маркази машваратии ГТЛСИЭ, номзади илмҳои иқтисодӣ, академики Академияи байналхалқии муҳандисӣ Баҳром Сироҷев ин технологияи наве ки дар заминаи принсипҳои гидроэнергетикаи классикӣ ташаккул ёфтааст, мумкин аст дар оянда бобати рушди манбаҳои нерӯи алтернативии табдили барқ дар минтакаи кухистони Точикистон мавриди омӯзиш қарор гирад.

Мутахассисони риштаи энергетика аз корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» , Донишгоҳи технологии Тоҷикистон , Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои соҳавӣ дар ин вохӯрӣ иштирок ва фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter